Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу, ки аз 27-уми октябр то 8-уми ноябр дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ду равия миёни дастаҳои мунтахаби расмӣ доир шуда, рақобатҳо байни шогирдони бошгоҳҳо ва академияҳои ин намуди варзиш сурат мегирад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар намояндагӣ мекунад, ки дар байни онҳо ғолибону ҷоизадрони мусобиқоти байналмилалӣ, монанди Суннатулло Одинаев дар вазни 46 кило, Муҳаммадҷон Хоҷаев ва Ибодулло Ибодов, ҳарду дар вазни 56 кило, Рашид Неъматов дар вазни 73 кило ва Маъруфҷон Назарзода дар вазни 94 кило ҳастанд.

Инчунин дар мусобиқа миёни варзишгарони маълул (пара ҷиу-ҷитсу) варзишгари тоҷик Абдуманнон Раҳимов дар вазни 77 кило ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик се сол пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон, инчунин Фестивал ё Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб 16 медал, аз он ҷумла 7 нишони тило, ба даст оварда буданд.

Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу, ки моҳи сентябр дар Абузаби баргузор шуд, 4 медал (1 тило, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) гирифтанд.

Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам усулҳои гуштиро дорад ва ҳам усулҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Ҷопон бархоста, батадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст.

Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли 2011 ташкил шудааст. Ба иттилои раҳбари он Алиҷон Давлатов, ҳоло дар кишвар ҳудуди 2500 нафар бо ҷиу-ҷитсу машғуланд, ки дар байни онҳо духтарон ҳам ҳастанд.

Ҷиу-ҷитсу аввалин бор ба барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия барпо гардид, дохил шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG