Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъудро барои суҳбат бо касе, ки “хоин” меноманд, танқид карданд


Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти милли президенти пешини Афғонистон
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти милли президенти пешини Афғонистон

Хабари суҳбати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ, бо Ҳамдулло Муҳиб, мушовири амниятии президенти пешини Афғонистон хашми тарафдорони ин ҷабҳаро ба бор овард.

Рӯзи 14-уми октябр Ҳамдулло Муҳиб дар саҳифаи худ дар Твитер навишт, ки бо Аҳмад Масъуд масъалаи “бозгашт ба демократия, сохти ҷумҳуриявӣ ва ҳифзи низоми миллӣ”-ро баҳс карданд. Ӯ навиштааст, ки бо Аҳмад Масъуд ба ин натиҷа расиданд, ки барои ҳалли мушкили кунунии Афғонистон тавофуқи сиёсӣ зарур аст.

Ҳамдулло Муҳиб, мушовири президенти собиқи Афғонистон рӯзи 15-уми августи соли 2021 бо чархболе ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ ва дигар раҳбарон аз ин кишвар фирор карда буд ва ӯро бештари афғонистониҳо “хоин” ном мебаранд. Ӯро фаъолони афғонистонӣ сабабгори сари қудрат омадани Толибон медонанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чеҳраҳои шинохта ӯро нафаре медонанд, ки бо хиёнат Афғонистонро ба дасти Толибон супурдааст. Ҳамдулло Муҳиб ҳамчун мушовири амнияти миллии Афғонистон ниҳодҳои қудратии ин кишварро идора мекард.

Аз ин рӯ, суҳбати Ҳамдулло Муҳиб бо Аҳмад Масъуд, нафаре, ки Ҷабҳаи Муқовимат алайҳи Толибонро идора мекунад, фаъолонро хашмгин кард.

Ҳорун Мӯътариф, раиси “Ҷумбиши гузор” дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки “Ҳамдулло Муҳиб, мушовири собиқи Шӯрои амнияти миллии ҳукумат таҳти раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз омилони "суқути низоми ҷумҳуриявӣ" буд ва шахсе нест, ки бо ӯ дар бораи ояндаи Афғонистон суҳбат кард. “Ӯ ҷинояткор аст ва ба назари мардуми мо, аз ҳалқаи равобити сиёсӣ рад шудааст,"—гуфтааст ӯ.

Тамим Осӣ, муовини вазири сиёсат ва стротежии вазорати дифоъи ҳукумати пешини Афғонистон низ ба ин сӯҳбат вокуниш нишон дода, Муҳибро сабабгори шикасти Афғонистон донистааст.”

Ӯ гуфтааст, вақте Аҳмад Масъуд бо чунин фарде суҳбат мекунад, пас бояд “Фотеҳаи Ҷабҳаи муқовимат хонда шавад.”

Корбарони дигар навиштаанд, ки Аҳмад Масъуд набояд бо чеҳраҳои манфур суҳбат кунад ва бо онҳо созиш карда, худро бадном созад.

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо “Садои Амрико” гуфт, ки моҳҳо пеш бо дархости Ҳамдулло Муҳиб ин суҳбат сурат гирифта буд. Ӯ гуфт, паёми Муҳиб ҳамин буд, ки Толибон намояндаи паштуҳо нестанд.

“Ҳеч тамосе бо дархости мо сурат нагирифтааст. Ҳамон тавре ман гуфтам, ҳар касе дархост кунад, ки суҳбат кунад, мо ҳозирем, назари ҳамаро шунавем. Ин ба маънои музокира, муомила ва созиш нест. Мо бо ҳама мехоҳем гуфтугӯ дошта бошем. Мо нигаронии тарафдоронамонро дарк мекунем. Дар 20 соли гузашта муомилаҳо сурат гирифт, ки ҳамин бэътимодӣ эҷод шудааст. Мо бо ҳеч кас дар ҳоли муомила нестем,”—гуфт ӯ.

Рӯзи 15-уми августи соли 2021 Ҳамдулло Муҳиб, ки чеҳраи калидӣ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ буд, аз Афғонистон фирор кард ва ин кишвар ба дасти Толибон афтод. Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, аз камтарин фарде буд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллиро таъсис дод ва дар муқобили Толибон дар Афғонистон мубориза мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG