Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат мегӯяд, дар 10 рӯз нақшаи даъват ба артиш беш аз 50 дарсад иҷро шудааст


Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми 10 рӯзи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар артиш, нақша беш аз 50 фоиз иҷро шудааст.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 62 фоиз баробар будааст.

Ба иттиллои ин вазорат, сафарбарии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар Суғд беш аз 38 фоиз, Хатлон – 51 дарсад, навоҳии тобеи марказ - 68 ва шаҳри Душанбе 48 фоиз иҷро гардидааст.

Дар Тоҷикистон дар ду мавсим, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Мақомот ҳамасола гузориш медиҳанд, ки аксари ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд, вале шикоятҳо аз "облава" кам намешавад.

XS
SM
MD
LG