Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони як донишомӯзе, ки аз ҳамла ба омӯзишгоҳи "Коҷ"-и Кобул ҷон ба саломат бурд


Акс аз ҳамлаи рӯзи 30-юми сентябр ба маркази омӯзишии "Коҷ" дар Кобул.
Акс аз ҳамлаи рӯзи 30-юми сентябр ба маркази омӯзишии "Коҷ" дар Кобул.

Гузоришҳои зиёде дар бораи ҳамлаи рӯзи ҷумъаи гузашта ба маркази таълимии "Коҷ" дар Кобул шунида ва нашр шуд. Дар ин ҳамла, бар асоси гузориши Созмони Милал, беш аз 50 нафар ҷон бохтанд.

Сабрина яке аз донишомӯзони ин маркази омӯзишӣ аст, ки аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд . Ӯ мегӯяд, "тир андохт, даҳ, бист тир. Ман сари худро зери курсӣ гирифтам, чашмонам сиёҳӣ кард ва дигар нафаҳмидам."

Сабринаи 18-сола бо дӯсти даврони кӯдакӣ ва духтари аммааш барои имтиҳон ба маркази омӯзишии "Коҷ" рафта буд. Ҳарду бо чандсад тани дигар барои иштирок дар имтиҳони тестӣ омода мешуданд, ба умеди онки дар оянда табиб шаванд.

Ӯ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи ҷумъа, ки ҳамла сурат гирифт, шогирдони зиёде аз марказҳои дигари омӯзишӣ ба "Коҷ" омада буданд. "Ҳанӯз бист дақиқа аз оғози имтиҳон нагузашта буд, ки садои тирандозӣ ба гӯш расид," -- нақл кард Сабрина.

"Фарёд задам, гуфтам, ки дарвозаро бибандед, ки ногаҳон як марди қадбаланд бо либосҳои сафед дохили синф шуд ва ба ҳама тир андохт. Ман худамро зери курсӣ гирифтам. Чашмонам сиёҳӣ кард ва дигар нафаҳмидам. Вақте ба ҳуш омадам, болои сарам порчаи оҳан афтода буд ва пойҳоям дар зери ҷасади як духтари дигар буд," -- илова кард ӯ.

Баъзе расонаҳо, аз ҷумла "Ассошиэйтед Пресс" гузориш дода буданд, ки дар дохили синф ҳамлаи интиҳорӣ ё худкуш сурат гирифта буд.

Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, шумораи кушташудагон, ки бисёрашон духтар буданд, ба беш аз 50 нафар расидааст. Ҳанӯз гурӯҳе масъулияти ҳамларо напазируфтааст.

Сабрина дар идома мегӯяд, ки баъди ба ҳуш омадан ба ҷустуҷӯи духтари аммааш оғоз кард, ки дар курсии паҳлӯяш нишаста буд: "Фарёд задам, даҳ дақиқа фарёд задам, гуфтам, Шабнам, куҷоӣ? Аммо духтари аммаам набуд. Дустонам гуфтанд, ки шояд берун рафта бошад. Ба берун аз марказ баромадам ва дӯстамро гуфтам, ки Таманно, Шабнамро чӣ кардӣ? Ӯ гуфт, Шабнам дар дохил аст ва ҳар чӣ садо кардам, посух надод ва берун омадам. Дар он вақт занги падарам омад, ки гуфт, Шабнам пайдо шудааст. Модарам гуфт, ту нарав, ки тавон надорӣ. Ман ба зӯрӣ рафтам, дидам Шабнам қабл аз ман расида, тобуташро овардаанд."

Эҳсон Бахтиёр, писари амаки Шабнам, мегӯяд, "марги Шабнам бар хонаводаи ӯ таъсири ногувор гузоштааст. "Шабнам ҳама орзуҳояшро ба хок бурд. Аз ин тараф ба ихтиёри худ бо чӣ орзу ва ормоне ва аз он тараф ҷасадашро оварданд, хеле сахт ва нороҳаткунанда аст".

Ҳамла бар Сабрина ҳам осеб расонидааст. Ӯ мегӯяд, пас аз ҳамла як гӯши ӯ шунавоии худро аз даст додааст. Ба гуфтаи Сабрина, тарс ва нигаронӣ саропои ӯро фаро гирифтааст ва дигар наметавонад, ки омӯзиши худро давом диҳад.

"Мо феълан дар вазъияте ҳастем, ки дар дарс хондан барои мо хеле душвор шудааст. Аз назари равонӣ ман худам шадидан садама дидаам. Ман намехоҳам ба дарси худам давом диҳам ва бидуни Шабнам ба курсӣ биншинам, имтиҳон бидиҳам. Аслан ангезаи мо ба таври комил хадшадор шудааст".

Аммо бархе дигар мегӯянд, бо вуҷуди нигаронии шадид, таслим нахоҳанд шуд. Осия Асғарӣ, хоҳараш Ум Ал-Банини 17-соларо дар ин ҳамла аз даст додааст. Ӯ мегӯяд, ҳеч гоҳ омӯзишро канор намегузорад. "Воқеан, нигарон ҳастам, душвор аст барои мо, ки мактабҳо баста шудаанд. Барои духтарҳо ин саҳнаи дарднок аст. Боз ҳам ба дарси худ идома медиҳем ва ҳеч вақт калимае бо номи "таслим" вуҷуд надорад".

Масъулияти ҳамлаи 30-юми сентябр ба маркази омӯзишии "Коҷ" дар минтақаи Дашти Барчиро, ки бештар ҳазораҳои шиа дар онҷо зиндагӣ мекунанд, то ба ҳол ҳеч гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.

Дар соли 2020 низ дар ғарби шаҳри Кобул маркази омӯзишии "Кавсар" ҳадаф қарор гирифта буд, ки бар асари он ҳудуди 24 донишомӯз ҷон бохта ва тақрибан 60 тани дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи Толибон, ки тобистони соли гузашта ба қудрат расид, шадидан мухолифи ба мактаб рафтани духтарон аст. Бо гузашти як солу се моҳ аз ба қудрат расидани ин гурӯҳи тундрав, онҳо ҳанӯз ба духтарони аз синфи шаш боло иҷозаи таҳсилро надодаанд. Ин амали Толибон борҳо аз сӯи ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар интиқод шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG