Бар асари таркиш дар як маркази омӯзишӣ дар ғарби шаҳри Кобул 19 ҷон бохта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд.
Абдунофеъ Такун, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамла дар маркази омӯзишии "Коҷ"-ро таъйид кард ва гуфт, ки қурбониёни ин таркиш шогирдҳои ин маркази таълимӣ мебошанд.
Сокинони маҳал мегӯянд, ки ҳамлакунанда соати 7:30 дақиқаи субҳи имрӯз, 30-юми сентябр нахуст нигаҳбони ин маркази омӯзиширо ҳадаф қарор дод ва пас аз он дар ин марказ ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дод.
Гуфта мешавад таркиш замоне рух дод, ки донишомӯзони асосан духтар дар як синф барои иштирок дар имтиҳонҳои воридшавӣ ба донишгоҳҳо омодагӣ медиданд.
То ба ҳол масъулияти ин ҳамларо касе ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо пеш аз ин масъулияти бештари ҳамлаҳо дар ғарби шаҳри Кобул дар минтақаи Дашти Барчиро, ки бештар ҳазораҳои шиа дар онҷо зиндагӣ мекунанд, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба ӯҳда гирифтааст.
Дар соли 2020 низ дар ғарби шаҳри Кобул маркази омӯзишии "Кавсар" ҳадаф қарор гирифта буд, ки бар асари он ҳудуди 24 донишомӯз ҷон бохта ва тақрибан 60 тани дигар захмӣ шуданд.
Ин панҷумин таркиш дар як моҳи гузашта аст, ки дар пойтахти Афғонистон рӯй медиҳад. Бештари қурбониёни ин ҳамлаҳо ғайринизомиён будаанд.
Гуфтугӯ