Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари президенти собиқ дар ғасби моликияти дигарон айбдор дониста шуд


Нурсултон Назарбоев, ки як замон "Пешвои миллат" дар Қазоқистон буд, аввали сол аз қудрат барканор шуд.
Нурсултон Назарбоев, ки як замон "Пешвои миллат" дар Қазоқистон буд, аввали сол аз қудрат барканор шуд.

Дар Қазоқистон алайҳи Болат Назарбаев, бародари Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Бародари президенти собиқ ва Майру Курмангалиев, ҳамсари собиқи ӯ, ба ғасби тиҷорати соҳибкорон ва ё бо зур соҳиб шудан ба саҳми корхонаҳои тиҷоратӣ дар Қазоқистон айбдор мешаванд.

Моҳи апрели имсол раҳбари ширкати “Almaty Steklo” гуфт, ки тиҷораташро чанд сол пеш бародари президент ғасб карда буд. Беш аз даҳ ширкат ва тоҷирон бо айни иттиҳом аз болои Болат Назарбоев ба мақомот шикоят карданд.

Болат Назарбоев, бародари хурдии Нурсултон Назарбоев аст, ки дар замони сари қудрати будани ӯ, соҳиби тиҷорати бузурге дар Қазоқистон буд.

Нурсултон Назарбоев, ки соли 2019 аз мақомаш истеъфо дод, вале дар вазифаи “Пешвои миллат” Қазоқистонро идора мекард, дар пайи ҳодисаҳои хунини моҳи январи имсол комилан аз қудрат рафт. Чанд тан аз наздиконаш ҳоло дар боздошт қарор доранд.

XS
SM
MD
LG