Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норак натавонист нақшаи андозсупориро иҷро кунад. ВИДЕО


Норак
Норак

Саҳми шаҳри саноатии Норак дар таҳияи буҷаи вилояти Хатлон кам карда шуд, зеро он натавонист, нақшаҳои пешинаро ба иҷро расонад.   

Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак дар як нишасти хабарӣ чанд ҳафта пеш эътироф кард, ки ин мушкил вуҷуд дорад. Ӯ гуфт: “Ҳиссаҷудокунӣ 15 милион сомонӣ буд, ҳозир тағйирот дар нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Норак моҳи гузашта ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳада ва маҷлиси вакилонӣ вилоят ҳамин семоҳаи дуюмда гузаштак мо тағирот ворид кардем, 11 милион сомонӣ кам карданд, нақшаи ҳиссаҷудокунимон нуҳ милион кардем.”

Шаҳрдории Норак сабабро дар дуруст роҳандозӣ нашудани шеваи ҷамъоварии андоз унвон кард. Ӯ корхонаҳоеро ном бурд, ки дар сохтмони неругоҳи Роғун кор карда, ба шаҳри Норак андоз медоданд. Ба гуфтаи Асозода, корхонаҳои сохтумоние, ки дар ширкати НОБ-и Роғун кору фаъолият мекунанд, "андозошонро пардохт накарданд. Сабаби якум ҳамин буд.”

Шаҳрдор умедворӣ намуд, ки ин мушкил то охири сол ҳалли худро хоҳад ёфт. Ба буҷаи вилояти Хатлон шаҳрҳои Бохтар, Леваканд, Норак ва ноҳияҳои Ёвону Данғара ҳиссагузорӣ мекунанд.

Аз ҳисоби онҳо хароҷоти буҷа ва ёронаи ноҳияҳои дотатсионӣ ё бо кӯмаки давлат пардохта мешавад. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ин бора гуфт: “Агар хато накунам, дар нимсолаи аввал зиёда аз ҳашт милион сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисобӣ шаҳри Норак ба буҷаи вилоят ворид нагардид. Мо ҳамаи инро ҳисобу китоб ва таҳлил кардагием, ҳамин фарқиятро ба дигар шаҳру ноҳия пешниҳод кардем ва вакилони маҷлиси халқии вилоят ҳаматарафа дастгирӣ карданд.”

Чаро шаҳри Норак натавонист андозашро саривақт супорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Дар шаҳри Норак ба ҷуз корхонаҳои саноатӣ неругоҳҳои Норак ва Бойғозӣ ба истеҳсоли барқ машғуланд.

Ин нерӯгоҳҳо ба шаҳр танҳо андозҳои иҷтимоӣ медиҳанд. Коршиносон мегӯянд, ба марказ дода шудани андозҳои корхонаҳои бузург ба буҷаҳои маҳаллӣ зарар хоҳад овард. Дар натиҷа шаҳру ноҳияҳо дастнигари вилоят ва ҷумҳурӣ мешаванд.

Иқтисодшинос Фозилҷон Фатуллоев мегӯяд: “Сабаби аввали марказикунонии даромадҳои қисми зиёди буҷавӣ аз ҳисоби ширкатҳои калон дар он аст, ки ин эҳтимоли ғайримақсаднок истифода кардани онҳоро паст мекунад. Тавре ки мо аз гузашта қазияи Баҳром Иноятзодаро дар ёд дорем, қисми даромадҳое, ки ғайримақсаднок истифода шуда буданд, аз даромади буҷаи маҳаллӣ истифода шуда буданд. Ғайри маблағҳое, ки ба он лоиҳаҳо сарф мешуд, онҳо низ ғайримақсаднок истифода шуда буданд. Ин яке аз фишангҳои пешгирӣ кардани ғармақсаднок истифода кардани маблағҳои даромади буҷаи маҳаллӣ аст.”

Камбуди даромад сабаб гашт, ки шаҳри Норак натавонист, нақшаи пардохтҳо ба буҷаи вилоятиро иҷро кунад. Он даромад танҳо ба пардохти маоши кормандони буҷавии шаҳр расиду бас.

Дилшод Асосозода, раиси шаҳри Норак гуфт: “Андози мо иҷро нашуд, қисмати ҳиссаҷудокунии вилоятро иҷро накардем. Қарздории музди меҳнатро ба пуррагӣ пардохт кардем. Ҳамон ӯҳдадории ҳиссаҷудокуниро пардохт накардем, лекин музди меҳнат ва дигар хароҷотомон дигаш ҳамаш таъмин шудааст”.

Вилояти Хатлон аз 25 шаҳру ноҳия иборат аст. Дар гузашта ноҳияи Ховалинг мисли шаҳри Бохтар, Леваканд, Норак ва ноҳияҳои Ёвону Данғара ба буҷаи вилоят даромад медод. Аммо бо вуҷуди мавҷудияти даҳҳо корхонаи тило ин ноҳия ҳоло бо дотатсия ё ёрии давлат пеш меравад. Раҳбарони Норак мегӯянд, онҳо талош доранд, мушкилро то охири сол ҳал кунанд. Дар акси ҳол саҳми ин шаҳри саноатӣ ба буҷаи вилоят боз ҳам камтар хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG