Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар Туркия


Раҳмонҷон Маҳмадбеков ва Муниса Ойматова парчамбардорони ҳайати Тоҷикистон.
Раҳмонҷон Маҳмадбеков ва Муниса Ойматова парчамбардорони ҳайати Тоҷикистон.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки аз 9-ум то 18-уми август дар шаҳри Қунияи Туркия доир мегардад, ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин бозиҳо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст. Аз ҷумла, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон 65 нафар дохиланд, ки 48 нафари онҳо варзишгаранд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия (Konya Metropolitan Municipality Stadium) 9-уми август баргузор мешавад.

Дар ин маросим Раҳмонҷон Маҳмадбеков (гуштии озод) ва Муниса Ойматова (таеквондо WT) парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш, ба монанди бадминтон, баскетбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, велосипедронӣ, волейбол, гуштии озод, гуштии юнонию румӣ, камонварӣ, каратэ, таэквондо WT, тенниси рӯи миз, футбол, ҳандбол, ҷудо, шамшербозӣ, шиноварӣ ва ғайра дохил аст.

Варзишгарони тоҷик дар ҳашт намуд – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таеквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ сабқат мекунанд. Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад.

Дар асоси барнома бозиҳо аллакай 5-уми август бо мусобиқаи велосипедронӣ дар трек оғоз гардид. Варзишгарони мо 7-уми август дар тенниси рӯи миз сабқатро оғоз карданд. Афзалхон Маҳмудов дар даври интихобии инфиродӣ нахуст бар намояндаи Бангладеш Моҳутасин Аҳмад Ридой бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, вале дар бозии дуюмаш аз Иброҳим Диав (Сенегал) бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Убайдулло Султонов дар бозии аввалаш аз Алӣ Алхадравӣ (Арабистони Саудӣ) бо ҳисоби 1:3 ва Динара Исмоилова аз Шимо Сафоӣ (Эрон) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд.

Бо иштироки варзишгарони тоҷик рӯзҳои 8-12 август мусобиқаи варзиши сабук, 9-12 август - таеквондо, 10-13 август - гуштӣ, 11-15 август - вазнбардорӣ, 13-15 август - тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август - камонварӣ, 15-17 август - ҷудо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир хоҳад шуд.

Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз варзишгаронамон дар риштаҳои варзиши сабук, таэквондои олимпӣ, гуштини озод, гуштини юнонӣ-румӣ ва ҷудо натиҷаҳои баландро чашмдорем. Бояд зикр намуд, ки дар мусобиқаи ҷудо паҳлавонони маъруфи мо, аз қабили Комроншоҳи Устопириён, Шаҳбоз Саидаброров, Сомон Маҳмадбеков ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.”

Зимнан, Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ барои варзишгарони тоҷик бузургтарин чорабинии варзишӣ дар соли 2022 ба шумор меравад, зеро ки Бозиҳои XIX тобистонаи Осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин ба таъхир гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WTF дар вазни то 54 кило бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Бозиҳои II ҳамбастагии исломӣ, ки бояд моҳи апрели соли 2009 дар Эрон баргузор мешуд, ба иллати мухолифат миёни Эрону кишварҳои арабӣ дар масъалаи номи халиҷи Форс доир нагардид.

Тоҷикистон дар Бозиҳои III ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Палембанги Индонезия сурат гирифт, ширкат надошт.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку – доир гардид, 4 медали биринҷӣ гирифт.

Ҳарчор медалро варзишгарон дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ ба даст оварданд. Наврӯз Арабов дар рақобатҳо дар навъҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар рақобатҳо дар навъи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” гирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG