Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ургантро барои мавқеи зиддиҷангиаш аз ширкат дар маъракаҳои ҷамъиятӣ хориҷ карданианд


Иван Ургант аз чеҳраҳои маъруфи шабакаи аввали телевизиони Русия буд
Иван Ургант аз чеҳраҳои маъруфи шабакаи аввали телевизиони Русия буд

Як гурӯҳи мақомдорони русӣ муҷриҳои барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Русия Иван Ургант ва Александр Василевро ба феҳристи шахсоне ворид кардаанд, ки ба гуфтаашон, “маъмурони таъсиррасони хориҷӣ” мебошанд ва бояд ҳузури онҳо аз тамоми маъракаҳои ҷамъиятӣ пок карда шавад.

Чанд рӯз пеш мақомот ГРАД ё як “Гурӯҳи таҳқиқи фаъолиятҳои зиддирусӣ”-ро дар соҳаи фарҳангу ҳунар ташкил карданд, ки кораш аз маълум кардани ба истилоҳи онҳо, “маъмурон ва ҳам пуштибонони онҳо” иборат мешавад.

Ташаббускори таъсиси ин гурӯҳ ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат” аст. Ба феҳристи нафароне, ки ба қавли ҳомиёни ҳукумати Русия бо интиқод аз ҷанги Русия дар Украина “мавқеи зиддимардумӣ”-ро ихтиёр кардаанд, Иван Урган, маъруфтарин ситораи телевизиони Русия ва раҳбари ТВ “Первый канал” Константин Эрнст, инчунин коргардон Александр Молочников ва «пуштибони» ӯ раиси Театри Болшой Владимир Урин, инчунин гурӯҳи маъруфи мусиқии "Би-2" дохил карда шудаанд. Аъзои ГРАД аз раҳбарияти “Первый канал”, вазоратҳои фарҳанг ва варзиш дархост кардаанд, ки ҳамкорӣ бо ин нафаронро қатъ кунанд.

Ҳунарпешаи маъруфи театру синамо Дмитрий Певтсов гуфтааст, агар ин нафарон "ба таври ошкор” аз ҷанг дар Украина ҳимоят кунанд, онҳоро “мебахшанд”. Вокуниши Ургант ва дигарҳо ба ин сӯҳбатҳо дар даст нест.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG