Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон пули барқи Узбекистонро пурра пардохт кардааст


Вазорати энержии Узбекистон гуфтааст, ширкати барқи Афғонистон (Afghanistan Breshna Sherkat) пули 2151,3 миллион кВт/соат нерӯи барқеро, ки соли 2021 аз ин кишвар харидорӣ карда буд, пурра пардохт намудааст.

Ба огаҳии вазорат, тибқи қарордоди "Шабакаҳои миллии Узбекистон" ва "Da Afghanistan Breshna Sherkat" Узбекистон дар соли ҷорӣ бояд ба Афғонистон 770 2 млн кВт/соат нерӯи барқ содир кунад.

Манбаъ афзудааст, ки интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба Афғонистон аз 14 апрели имсол қатъ шудааст. Зеро Афғонистон дар мавсими тобистон аз Тоҷикистон барқ мехарад.

Ахтар Муҳаммад Нусрат, сухангӯи вазорати энержӣ ва захираҳои обии Афғонистон моҳи майи имсол гуфта буд, ки ин кишвар аз ҳисоби пули барқ аз Узбекистон ва Тоҷикистон дастикам 100 миллион доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG