Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Захира надорем. Ҳар рӯз чизе ёфтем, мехӯрем." ВИДЕО


Бо вуҷуди онки баъзе аз сокинон мегӯянд, дар шароити баде зиндагӣ доранду барои рӯзгузаронӣ пул намеёбанд, президенти Тоҷикистон ҳар дафъа дар бораи захираи дусолаи ғизо гӯшзад мекунад. Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гуфтанд, “манзур захираи ғаллаву шолист”. Таҳлилгарон онро ҳам иҷронашаванда медонанд.

"Гандуму лубиё ва нахуду мош бигиред"

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз дар бораи захираи дусолаи хӯрокворӣ гузориш медиҳанд. Онҳо баъзан анбори сокинонеро нишон медиҳанд, ки гуё халтаҳои пури орду биринҷ ва маҳсулоти консервшуда доранд.

Намояндагони мухолифон бештар саҳнасозӣ ва таблиғоти давлатӣ меноманд, бахусус, ки маърака дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурӣ ба минтақаҳо авҷ мегирад.

Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, мегӯяд, “ин давъат асосан ба маҳсулоти донагӣ вобаста аст. Пеш аз ҳама, гандум, лубиё, нахуд ва мош. Инҳоро нигоҳ дошта мешавад.”

Доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, чунин даъват иҷронашаванда аст, зеро сокинони Тоҷикистон тавони молии захираи ғизоро танҳо барои се моҳ доранду бас.

“Дар ин вақту замон имконпазир нест"

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ӯ рӯзи 25-уми июл гуфт: “Тамоми маводи ғизоие, ки истеъмол мекунем, муҳлат доранд. Муҳлат, ки гузашт, ё талх мешаванд ё мепӯсанд ва ё заҳр пайдо мекунанд. Ягон сардхона қобилияти ду сол нигоҳ доштани маҳсулотро надорад. Нахуд, лубиё ва ғайра ҳам то як сол муҳлат доранд. Хеле хуб мешавад, агар ҷаноб бигӯяд, ки чӣ хел ин корро кардан мумкин аст.”

Ба қавли Умаров, маоши миёнаи мардум дар Тоҷикистон 150 доллар асту маблағи миёнаи нафақа 28 доллар ва ин имкони харидани хӯроквории дусоларо дар муддати кӯтоҳ намедиҳад.

Раҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе низ ин нуктаро тасдиқ мекунанд.

“Захира намекунем. Ҳар рӯз ҳамон чизе, ки ёфтем, мехӯрем,” -- гуфт яке аз мусоҳибони мо дар пойтахт. Дигаре афзуд, “дар ин вақту замон имконпазир нест, чунки гаронӣ аст. Ордро ҳам бисёр гирифта монда намешавад, вайрон мешавад, охир.”

Гуруҳе дигар аз мардум гуфтанд, иҷрои ин даъват бахусус барои шаҳрнишинҳо душвор аст, зеро масоҳати андаки манзилашон имкон намедиҳад, ки анбори калони хӯрокворӣ дошта бошанд. Як масъули Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мегӯяд, дар шаҳрҳо сардхонаҳои бузург сохтаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Захираи дусолаи ғизо. Мақомоту мардум чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Тоҷикистон аз кишварҳои фақири Шӯравии собиқ аст, ки сокинонаш дар ин маҳдуда маошу нафақаи камтарин мегиранд. Тибқи омори расмӣ, тақрибан сӣ дарсади мардум камбизоатанд, вале мақомот мегӯянд, ҳарчанд ба оҳистагӣ, вале шумори камбизоатон дар ҳоли камшавӣ аст.

Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 20 сомонӣ барои худ харҷ мекунад, "сахт фақир" мешуморад. Пуле, ки дар Тоҷикистон баъзеҳо ба сахтӣ меёбанд.

XS
SM
MD
LG