Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони санаи нави Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шӯрои олимпии Осиё (OCA) санаҳои нави баргузории Бозиҳои 19-уми осиёиро дар Ҳангжоуи Чин эълон кард. Бозиҳо аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 баргузор хоҳад шуд. Дар ибтидо Бозиҳои 19-уми осиёӣ аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 дар Ҳангжоу дар назар буд, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 мавқуф гузошта шуд.

Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ барои муайян кардани санаҳои нав тайи ду моҳи ахир бо Кумитаи олимпии Чин, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои осиёӣ дар Ҳангжоу (HAGOC) ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои дарёфти равзанаи бозиҳо, ки бо дигар чорабиниҳои бузурги байнулмилалии варзишӣ мухолифат намекарданд, баҳсҳои гуногун анҷом дод. Санаҳои тавсияшударо аз ҷониби гурӯҳи корӣ Кумитаи иҷроияи OCA тасдиқ кард.

“OCA ба HAGOC ва Кумитаи олимпии Чин барои заҳматашон дар омодагӣ ба Бозиҳо дар давраи пандемия ва таъмини баргузории онҳо дар соли оянда миннатдорӣ баён мекунад. OCA инчунин мехоҳад, ки барои сабрашон ба кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои байнулмилалӣ/федератсияҳои Осиё ва дигар ҷонибҳои манфиатдор изҳори сипос намояд”, - омадааст дар барқияи Шӯрои олимпии Осиё.

Ба барномаи Бозиҳои 19-уми осиёӣ 40 намуди варзиш (61 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Ҳудуди 10 000 варзишгар аз 45 кишвари қора барои 482 маҷмӯи медалҳо талош меварзанд.

Кишварҳои Уқёнус низ барои иштирок дар баъзе намудҳои варзиш даъват карда мешаванд, аммо дар сурати ғолибият ба онҳо медали ифтихорӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои осиёӣ таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё аз соли 1951 ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Варзишгарони тоҷик аз соли 1994 дар Бозиҳои осиёӣ ширкат мекунанд ва то имрӯз 27 медал – 4 тилло, 6 нуқра, 17 биринҷӣ ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG