Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба COVID мубтало шуд, вале нишонаҳояш "сабук аст"


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Кохи Сафед мегӯяд, президент Ҷо Байден ба коронавируси нав гирифтор шудааст, аммо нишонаҳояш "хеле сабук аст".

Сухангӯйи Кохи Сафед рӯзи 21-уми июл дар изҳороте гуфт, Байден аз дигарон ҷудо меистад, вале пурра ба кораш идома медиҳад.

"Ӯ субҳи панҷшанбе бо кормандони Кохи Сафед тавассути телефон тамос дошт. Дар вохӯриҳое, ки ба нақша гирифтаанд, тавассути телефон ва ё Zoom иштирок хоҳад кард," – афзуд сухангӯ.

Вай илова кард, ки Байден ба гирифтани доруи Paxlovid, ки барои коҳиши шиддати беморӣ пешбинӣ шудааст, оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG