Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади Узбекистон аз фурӯши газ ба Чин ду баробар афзудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Чин аз моҳи январ то июли имсол ба маблағи 404 миллион доллар аз Узбекистон гази табиӣ харидааст.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба Хадамоти гумруки Чин иттилоъ дода, ки даромади Узбекистон аз содироти гази табиӣ ба он кишвар дар нимсолаи аввали соли гузашта 2,2 баробар бештар шудааст, вале ҳаҷми гази содиршуда гуфта намешавад.

Узбекистон ба гуруҳи кишварҳои панҷгонае шомил шудааст, ки тавассути лӯла ба Чин газ содир мекунанд. Дар ин гуруҳ Туркманистон ҳанӯз ҳам дар мақоми аввал буда, дар шаш моҳ ба маблағи 4,51 миллиард доллар ба Чин газ фурӯхтааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар бештар аст.

Русия дар ҷои дувум қарор дорад. Он ҳаҷми фурӯши газ ба Чинро то ба 1 миллиарду 650 миллион доллар расонидааст. Мянмар бо 616 миллион доллар дар ҷои севум ва Қазоқистон бо 531 миллион доллар дар ҷои чаҳорум қарор доранд. Узбекистон бо 404 миллион доллар дар ҷои панҷум аст.

XS
SM
MD
LG