Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон рафт


Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 21-уми июл ба Қирғизистон рафт.

Дафтари матбуоти президент дар хабарномае гуфт, ҳадафи сафар ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон назар ба роҳбарони Қазоқистону Узбекистон як рӯз дертар ба Қирғизистон рафт. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 20-уми июл дар Қирғизистон буданд ва бо раиси ҷумҳури он кишвар Содир Ҷабборов мулоқот доштанд.

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 21-уми июл дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон мулоқот мекунанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бори нахуст пешниҳод кард, ки мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Мулоқоти якуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон барпо шуда буд.

XS
SM
MD
LG