Интернет дар ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистони Узбекистон рӯзи 19-уми июл, ҳамагӣ чанд соат баъд аз фаъол шуданаш, дубора қатъ шудааст. Мақомоти Узбекистон сабабашро нагуфтанд.
Расонаҳои маҳаллии Узбекистон қаблан бо истинод ба манбаъҳои худ дар Нуқус хабар доданд, ки Интернет дар Қароқалпоқистон фаъол шуд.
Дар Қароқалпоқистон баъд аз ҳодисаҳои 1 ва 2-юми июли Нуқус вазъи фавқулода эълон гашт ва Интернет дастнорас шуд.
Чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет, аз ҳукумати Узбекистон даъват карда буд, ки дастрасиро ба Интернет дар Қароқалпоқистон фароҳам кунад.