Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон тамдид шуд


Карим Масимов.

Муҳлати ҳабси раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов як моҳи дигар тамдид шуд. Вай то 6 август дар ҳабси хонагӣ мемонад.

Хадамоти матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 19 июл хабар дод, ки муҳлати ҳабси пешакии муовинони раиси Кумитаи амнияти Қазоқистон - Анвар Садиқулов ва Давлат Ергожинро низ то 6 ва 13 август тамдид карда шудааст.

Муовинони пешини раиси амният дар содир кардани амале гумонбар мешаванд, ки "ба ғасби худсаронаи ҳокимият ва берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ равона шудааст". Ҳар ду муовин низ дар моҳи январ боздошт шуда буданд.

Карим Масимов яке аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон номида мешавад. Боздошти вай 8 январи соли равон расонаӣ шуд.

Дар баёнияи расмӣ омада буд, ки "рӯзи 6-уми январ тафтишот бар асоси моддаи хиёнат ба давлат шуруъ шуд. Ҳамон рӯз бо гумони содир кардани ин ҷиноят Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ва шахсони дигар дастгир карда шуданд".

Масимов моҳи сентябри соли 2016 раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъин шуда буд. Ӯ ҳафт сол дар мансаби сарвазири Қазоқистон ҳам кор кардааст.

XS
SM
MD
LG