Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот вакили пешини Ҷамол Хошуқҷиро ба зиндон маҳкум кард


Ҷамол Хошуқҷӣ соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шуд
Ҷамол Хошуқҷӣ соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шуд

Имороти Муттаҳидаи Араб як шаҳрванди Амрико ва вакили пешини хабарнигори кушташуда Ҷамол Хошуқҷиро ба се сол зиндон маҳкум кард.

Осим Ғафур ба пулшӯйӣ ва саркашӣ аз пардохти молиёт ё андоз гунаҳкор шудааст.

Хабаргузории давлатии Иморот рӯзи 16-уми июл иттилоъ дод, ки вакили мудофеъ ихроҷ карда хоҳад шуд.

Додгоҳи Абузабӣ (Абудабӣ), инчунин, Осим Ғафурро ба пардохти тақрибан 800 ҳазор доллар ҷарима вазифадор кардааст.

Ҳукми Осим Ғафур як рӯз баъди он эълон шуд, ки созмони нозири ҳуқуқи башар дар Вашингтон, "Демократия барои ҷаҳони араб", аз боздошти ӯ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай изҳори нигаронӣ кард.

Созмон гуфт, узви раёсати он барои иштирок дар тӯйи яке аз хешовандон ба Истанбул мерафт.

Як мансабдори амрикоӣ 16-уми июл гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз боздошти Осим Ғафур огоҳ аст, аммо гуфта наметавонад, ки президент Ҷо Байден дар мулоқот бо намояндагони Иморот дар ҳошияи нишасти кишварҳои араб дар Саудӣ ин масъаларо матраҳ мекунад ё на.

"Ҳеч нишонае нест, ки он ба масъалаи Хошуқҷӣ рабт дошта бошад," -- гуфт мансабдор.

Ҷамол Хошуқҷӣ соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG