Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба зидди 61 амрикоӣ таҳрим ҷорӣ кардааст


Вазорати корҳои хориҷии Эрон алайҳи 61 шаҳрванди Амрико, аз ҷумла Майк Помпео, вазири собиқи умури хориҷии он кишвар, таҳрим ҷорӣ кардааст.

Теҳрон ин афродро ба пуштибонӣ аз як гуруҳи мухолифони Ҷумҳурии Исломӣ дар хориҷа муттаҳам медонад.

Вазорат 16-уми июл гуфт, ба зидди Руди Ҷулианӣ, вакили президенти собиқи Амрико Доналд Трамп ва Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии собиқи Кохи Сафед ҳам ба далели ҳимояташон аз созмони Муҷоҳидини халқ таҳрим ҷорӣ кард.

Ба ин феҳраст чанд узви Конгресс аз Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ шомиланд.

Созмони Муҷоҳидини халқ тарафдори сарнагунии режими исломӣ дар Эрон аст.

XS
SM
MD
LG