Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, Амрико аз Ховари Миёна намеравад


Ҷо Байден ва Муҳаммад бин Салмон
Ҷо Байден ва Муҳаммад бин Салмон

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз Ховари Миёна хориҷ намешавад, то холигоҳро Чин ва кишварҳои дигар пур кунанд.

Ҷо Байден рӯзи 16-уми июл дар нишасти Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Арабистони Саудӣ гуфт, "мо канор нахоҳем рафт ва холигоҳеро боқӣ намегузорем, ки онро Чин, Русия ва ё Эрон пур кунанд."

Вай афзуд, Амрико мутааҳҳид аст, итминон ҳосил кунад, ки Эрон ҳаргиз ба аслиҳаи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт.

Президенти Амрико дар ҷараёни сафараш ба Ховари Миёна, аз Исроил ба Саудӣ рафтааст.

XS
SM
MD
LG