Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 2 солу 10 моҳ ҳабс маҳкум кард.

Раёсати Хадамоти Федеролии Амният (ФСБ) дар вилояти Псков 13-уми июл дар баёнияе гуфт, ӯ ба таблиғи терроризм дар миёни зиндониён ва кӯшиши порадиҳӣ гунаҳкор шудааст.

Номи шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистонро нагуфтаанд. Мавқеи ӯ ва ё вакили мудофеаш маълум нест.

Ҳукмро Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Русия содир кардааст.

Дар баёнияи Раёсати ФСБ дар вилояти Псков гуфтаанд, шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси намояндаи ДОИШ "ба одамоне, ки ҳамроҳаш дар боздошт буданд, идеологияи гуруҳи террористиро дуруст номидааст."

Дар парвандаи дигар ӯ ба кӯшиши додани пора ё ришва ба зиндонбонҳо барои ғайриқонунӣ дастрас кардани телефон гунаҳкор шудааст.

Раёсати ФСБ дар вилояти Псков гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон бозбинии ҳукмро хост, аммо додгоҳи зинаи болоӣ онро бетағйир гузошт.

XS
SM
MD
LG