Туркия, Шветсия ва Финландия дар пайи музокирот дар шаҳри Мадрид созишномаи амниятӣ бастанд, ки раванди пайвастани онҳоро ба НАТО ҳамвор мекунад. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт.
Дафтари президенти Финландия Саули Ниинистё гуфтааст, қадамҳои мушаххас барои шомил шудани Финляндия ва Шветсия ба НАТО аз ҷониби муттаҳидон давоми ду рӯзи оянда мувофиқа мешаванд.
Дафтари раисиҷумҳури Финландия ҳамчунин эълом кард, Туркия дар нишасти ин ҳафта дар Мадрид аз узвияти Финландия ва Шветсия дар НАТО ҳимоят мекунад. Дафтари президенти Финландия тасдиқ кард, ки Ҳелсинки, Стокҳолм ва Анкара вазифадор мешаванд, дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ҳамдигарро комилан дастгирӣ намоянд.
Маъмурияти президенти Туркия иброз доштааст, Шветсия ва Финландия уҳдадор шудаанд, ки Ҳизби Коргарии Курдистон ва дигар созмонҳоеро дастгирӣ накунанд, ки Анкара террористӣ мешуморад.
Йенс Столтенберг дар пайи ин мулоқот гуфт, ба узвияти паймон шомил шудани Финландия ва Шветсия мухолифи он чизест, ки Владимир Путин, президенти Русия талош мекард.
«Ассошиэйтед Пресс» бо истинод ба як мақоми баландпояи маъмурияти Амрико хабар медиҳад, Иёлоти Муттаҳида дар ивази тасмими Анкара барои лағви эътирозаш ба даъвати Шветсия ва Финляндия ба НАТО ба Туркия ҳеч ваъдае надодааст.