Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико


Даври нави гуфтугӯҳои ғайримустақими Эрон ва Амрико барои эҳёи созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28-уми июн дар Давҳа (Доҳа), пойтахти Қатар, оғоз шуд.

ИРНА -- хабаргузории расмии Эрон дар ин рӯз аксе аз Алӣ Боқир Канӣ, музокиракунандаи баландпояи Эрон бо Энрике Мора, муовини раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупоро нашр кард. Онҳо дар ҳоли гуфтугӯ буданд. Энрике Мора масъулияти ҳамоҳангии ин музокиротро ба уҳда дорад.

Эрон таъкид кардааст, ки "ҳеч музокираи мустақиме бо Амрико анҷом нахоҳад шуд" ва аз ин рӯ Энрике Мора паёмҳои ҳар ду ҷонибро ба якдигар мерасонад.

Лора Рузан, хабарнигори бахши сиёсати хориҷии Амрико, таҳаввулоти созиши ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Ӯ дар "Твиттер" навишт, аз як музокиракунандаи ғарбӣ пурсидааст, гуфтугӯи ғайримустақими Амрико ва Эрон дар Давҳа чӣ гуна пеш меравад ва ӯ дар посух гуфтааст, "ба кундӣ".

Лиз Дюсет, гузоришгари Би-би-сӣ низ ба нақл аз як музокиракунандаи ғарбӣ навишт, эҳтимол ин гуфтугӯ давом биёбад.

Чанд соат пас аз оғози музокирот, сухангӯи робитаҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, мулоқоти Давҳа оғози шикастани бунбасте аст, ки дар моҳи марти имсол дар Вена сурат гирифта буд.

​Рӯзе пеш аз он Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, гуфта буд, тавофуқ барои барқарории созиши ҳастаӣ ба тасмими Эрон вобаста аст, ки онро қабул мекунад ё рад. Вай ҳамчунин афзуд, бозгашти Эрон ва Амрико ба созиши ҳастаӣ дар ростои манфиатҳои Вашингтон ва ҳампаймонҳои ин кишвар аст.

Бо ин ҳол, Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар изҳороташ рӯзи сешанбе таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ "аз хатти сурхи худ ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад гузашт".

Вай ҷузъиёте надод, аммо гуфт, "хатҳои сурхе, ки дар гуфтугӯҳо муайян шудааст, бар асоси манфиатҳои миллии кишвар аст ва ин мавзӯе аст, ки наслҳои баъдӣ дар мавриди он қазоват хоҳанд кард".

Эрон тайи моҳҳои гузашта хоҳони берун кардани номи Сипоҳи посдорон аз рӯйхати созмонҳои террористии Амрико ва замонат додани ҳукумати Ҷо Байден барои набаромадани ҳукуматҳои ояндаи ИМА аз созиши ҳастаӣ шудааст. Ҳукумати Ҷо Байден мегӯяд, салоҳияти додани кафолат аз тарафи ҳукуматҳои ояндаро надорад.

XS
SM
MD
LG