Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1150 қурбонии заминларза пайдо шуд. Толибон ҷустуҷӯро қатъ карданд. ВИДЕО


Дар вилояти Пактико беш аз ҳазор нафар ҳалок ва ҳазорон нафар бехона шуданд.
Дар вилояти Пактико беш аз ҳазор нафар ҳалок ва ҳазорон нафар бехона шуданд.

Ҳукумати Толибон эълон кард, ки шумораи кушташудаҳо дар заминларзаи охир ба 1150 нафар расид ва онҳо амалиёти наҷотро қатъ карданд.

Заминларзаи бештар аз 6 дараҷаӣ дар вилояти Пактико ва Хусти Афғонистон, ки сабаби марги садҳо нафар ва овора шудани ҳазорон нафар шуд, рӯзи 22‑уми июн рух дод.

Абдулвоҳид Раян, мудири “Бохтар”, хабаргузории расмии Толибон, гуфт, ки наздики 1600 нафари дигар дар ин ҳодиса захмӣ шудааст.

Мақомоти ҳукумати Толибон пештар ба расонаҳо гуфта буданд, ки дар натиҷаи заминларза дар минтақаи ҳаммарз бо Покистон 10 ҳазор манзили зист пурра ё қисман хароб шудааст.

Толибон шарҳ надоданд, ки чаро пас аз 48 соати ҳодиса амалиёти наҷотро қатъ карданд.

Ба гуфтаи мақомоти ҳукумати Толибон, дастрасии зарардидагон ба дору ва маводи ғизоӣ нокифоя аст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Заминларза тақрибан дар 160-километрии ҷанубу шарқи Кобул, дар як минтақаи кӯҳистонӣ, рух дод. Сокинони вилоятҳои Пактико ва Хуст аз ҳама бештар зарар дидаанд.

Созмонҳои имдодрасон, аз қабили Ҳилоли Аҳмар ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, ба зарардидагон хайма, ғизо ва рахти хоб кумак кардаанд.

Воҳидуллоҳ Амонӣ, сухангӯи Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Созмони ҷаҳонии озуқа ва дигар шарикон дар роҳ ба манотиқи осебдида ҳастанд.

Боронгарӣ имкон надод, ки гурӯҳҳои наҷот сари вақт ба маҳали ҳодиса бирасанд.

Сухангӯи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, дар Твиттер гуфт, ки ҳашт мошини боркаш аз Покистон бо маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулот вориди ин маҳал шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, кумакҳо аз Эрон ва Қатар низ тавассути ҳавопаймо ворид гардиданд.

Офати табиӣ барои ҳукумати таҳти раҳбарии Толибон, ки дар натиҷаи сиёсати сахтгиронаи исломгароёнааш нисбат ба занон ва духтарон дар инзиво қарор гирифтааст, як чолиш эҷод мекунад. Мардуми Афғонистон аз фақр ранҷ мекашанд ва мушкилоти иҷтимоӣ ҳам пас аз ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли гузашта бештар шудааст.

Ин ҳодиса маргбортарин дар 20 соли ахир буд. Соли 2002 дар шимоли Афғонистон бар асари заминларза наздик ба 1000 нафар ҳалок шуд.

Президенти ИМА Ҷо Байден ба USAID ва дигар сохторҳои ҳукумати федералӣ дастур дод, то муайян кунанд, ки ба зарардидагон чӣ кумак карда метавонад.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳатман ба осебдидагон кумак хоҳанд кард.

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки таҷҳизоти пизишкӣ ва пизишконро ба ҷойи ҳодиса мефиристад.

XS
SM
MD
LG