Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вайронгариҳои сел дар Хуросону Деваштич


Акс аз бойгонӣ

Мақомот гуфтанд, бар асари омадани сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастикам се хона вайрон шуда, заминҳои кишт зери лой мондааст. Сокинон зиёни расидаро бештар аз ин мегӯянд.

Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфтанд, сел шаби 20 ба 21-уми июн ба деҳаҳои Меҳнатобод ва Оқтут омад. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон низ гуфтанд, ки сел ба заминҳои кишт зарар расондааст.

Рӯзи 20-уми июн, дар пайи бориши сахти борон, ба се деҳаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел омада, роҳу гузаргоҳҳоро хароб кард. Чанд нафар бо фиристодани аксу навор гуфтанд, роҳи асосии деҳаи Метк баста шуда, деҳаи Басманда ва Дархони ноҳияи Деваштич зарар диданд. Танҳо дар деҳаи Метк зиёда аз 4 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд.

Олимхон Сафолов, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Деваштич, гуфт, “то ҳол талафоти ҷонӣ сабт нашудааст ва бештар зарари молӣ ба мушоҳида мерасад”.

Ноҳияи Деваштич асосан дар байни кӯҳу дара ҷойгир шуда, дар 300-километрии пойтахт қарор дорад.

Се ҳафта пеш як сели азим дар ноҳияи Ашт чанд километр роҳҳоро вайрон ва баъзе пулу манзилҳоро хароб кард.

XS
SM
MD
LG