Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Курилла:  ДОИШ дар Афғонистон назар ба нӯҳ моҳ пеш имрӯз қавитар шудааст   


Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА

Генерал Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА ба саволҳои матбуоти тоҷик посух дод.

Як мақоми баландпояи низомии амрикоӣ, ки ин ҳафта ба Тоҷикистон сафар кард, мегӯяд, таҳдиди гурӯҳҳои даҳшатафкане мисли ДОИШ ва Ал-Қоида дар Афғонистони ҳамсоя бештар шуда, расидагӣ ба он ҳамкории наздиктари ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказиро тақозо мекунад. Сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА, генерал Майкл Куррила, афзуд, дар ин росто кишвараш ҳамкориҳои низомиву амниятӣ бо Тоҷикистонро густариш медиҳад, вале хостори он аст, ки кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон барои саркӯбҳои дохилӣ ба кор бурда нашаванд.

Майкл Курилла моҳи апрели имсол ба ин вазифа таъин шуд ва бори аввал дар ин мақом ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кард. Вай ба таври катбӣ ба чанд саволи Радиои Озодӣ ва дигар матбуоти маҳалливу байналмилалӣ посух дод.

Пурсиш: Ҳадафи сафари шумо ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чист?

Майкл Курилла: Боиси ифтихор аст, ки дар ин сафар бо президент Эмомалӣ Раҳмон, вазири дифоъ генерал Шералӣ Мирзо, раиси ситоди кул генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзод ва дигар раҳбарони Тоҷикистон дидор кардам. Асли матлаб эҷоди равобит буд ва ҳам ин чиз барои тақвияти ҳамкориҳо муҳим аст. Ман дар давоми корам боз ба ин ҷо хоҳам омад ва бар инам, ки сафари аввал бештар барои шунидани назарҳо буд. Мехостам назари раҳбаронро дар бораи вазъи амниятӣ бишунавам, то самтҳои ҳамкорӣ дақиқ карда шаванд. Дар ситоди марказӣ мо ба нақши пешбарандаи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ арҷ мегузорем. Равобити устувори мо бо Тоҷикистон таърихан қавист. Ду ҳафта баъд мо як санаи тиллоиро таҷлил мекунем: 1-уми июли соли 1992 созишномаи аввалини тиҷоратии байни ду кишвар имзо шуд.

Мулоқоти Майкл Курилла бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс: president.tj
Мулоқоти Майкл Курилла бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс: president.tj

Дар сӣ соли гузашта мо ба ӯҳдадориҳои муштарак дар заминаи сулҳу шукуфоӣ ва амният дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ноил шудем. Дар ин муддат мо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 330 миллион доллар кӯмаки амниятӣ расондаем. Ин ёриҳо аз тамринҳо, тақдими таҷҳизот ва зербунёдҳо иборат аст. Ин кӯмак ҳамчунин тақдими беш аз 400 мошину тамрини беш аз 10 ҳазор сарбозу ходимони ҳифзи қонунро дар бар мегирад. Ман ният дорам, ки бо такя ба ин ҳамкориҳои қавӣ ва ҷонибдории мо аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамкориро пеш барем. Инҳо як қадами аввал дар ин талошҳо мебошанд.

Пурсиш: То куҷо таҳдиди ДОИШ ва Ал-Қоида аз хоки Афғонистони ҳамсоя ҷиддӣ мебошад? Оё иттилое дар бораи эҳтимоли таҷаммӯи аъзои ДОИШ дар сарҳадҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ва Афғонистон вуҷуд дорад? Масалан, мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтаанд, ки беш аз 2 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба Сурияву Ироқ бо ҳадафи пайвастан ба ҳайати ДОИШ фирор карда, ба иттилои матбуот, тахминан 500 нафари онҳо кушта шудаанд. Боқимондаҳо куҷо шуданд?

Майкл Курилла: Аз таҳдиди афзояндаи ДОИШ дар Афғонистон ва ҳам зуҳури дубораи Ал-Қоида дар минтақа бисёр нигарон ҳастам. Мо бояд ба ин мушкилот расидагӣ кунем. Мо набояд ба ин мушкил чашм пӯшем, ки воқеан ҳам Ал-Қоида дар Афғонистон аз нав зуҳур мекунад. Мо набояд Ал-Қоидаро нодида бигирем. Ба ин масъала тамоми ҷаҳон бояд таваҷҷӯҳ кунад. Ҳамонгуна, ки дар пурсиши шумо таъкид шуд, воқеан ҳам ДОИШ як таҳдид боқӣ мемонад. Дар ҳоле, ки ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия дар ҳоли инқироз аст, дар Афғонистон баръакс, назар ба нӯҳ моҳ пеш имрӯз қавитар шудааст. Оташи нафратангези идеологияи таҷовузкоронаи он то ҳол аланга мезанад. ДОИШ ҳамоно ба минтақа таҳдид мекунад ва мо ҳам барои пурра нобуд кардани он ӯҳдадор ҳастем. Ал-Қоида ҳам, ки ба минтақа таҳдид мекунад, дар ҳоли аз нав барқарор шудан аст.

Дар ҳоле, ки ин гурӯҳҳои нафратовар мояи нигаронӣ ба мардуми Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва ИМА ҳастанд, Тоҷикистон дар ба девори ин хатарҳо зиндагӣ мекунад. Ин гурӯҳҳо дар остонаи дари шумо ҳастанд ва дар хати сарҳади шумо амал мекунанд.

Барои истодагарӣ дар баробари ин таҳдидҳо ҳамкориҳои амниятии мо бо нирӯҳои Тоҷикистон дар навбати аввал дар бахши зиддитерроризм ва ҳимояти марзҳо тамаркуз кардааст. Кӯмакҳои амниятии мо ин ҷо пеш аз ҳама аз тамринҳо, ироаи таҷҳизот ва ҳам зербунёдҳое барои ҳимояти марзҳо иборат аст. Дар давоми чор соли охир ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА ба сарҳадбонони тоҷик сенсорҳои заминӣ пешниҳод намуд. Мо инчунин тамоми таҷҳизоти мухобиротӣ, аз ҷумла, 4800 воситаи алоқаи радиоиро таъмин намудем. Мо ба Тоҷикистон беш аз 400 адад мошини посбонӣ тақдим кардем. Ҳамин тавр, мо нишон медиҳем, ки ин барои шумо муҳим аст. Ёриҳо идома меёбанд. Ман ҷонибдори соҳибихтиёрииТоҷикистон ҳастам.

Бо ҳадафи ба ақибнишинӣ водор кардани гурӯҳҳои тундгарову таъмини амнияти марзҳо омӯзишҳои муштараки нерӯҳои таъиноти махсус дигар самти ҳамкориҳои мо аст.

Дар 20 соли охир нерӯҳои таъиноти махсуси мо дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ таҷрибаи ғанӣ ба даст оварданд. Нерӯҳои мо метавонанд дар баробари табодули таҷриба бо қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз тоҷикистониҳо ҳам донишу хираде биомӯзанд.

Пурсиш: Ояндаи Афғонистонро аз назари амнияти ин кишвар чӣ гуна пешбинӣ мекунед? То куҷо дуруст аст, ки ИМА ба маблағи тахминан 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомиро дар Афғонистон дар ихтиёри Толибон гузошта рафтааст?

Майкл Курилла: Барои кӯмак ба Тоҷикистон дар амри муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ, бахусус дар хати сарҳад бо Афғонистон ӯҳдадор ҳастам. Баъди он ки августи соли 2021 Толибон Афғонистонро таҳти назорат дароварданд, ИМА мизони кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро ба хотири таъмини амнияти ин кишвар афзоиш дод. Қарор аст базудӣ сафорат як дидбонгоҳи нави сарҳадиро дар маҳаллаи Чалдовар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бунёд кунад. Ин ҳам як намунаи дигари кӯмакҳои амниятӣ ба Тоҷикистон аст. Намунаи дигар ин аст, ки ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА тамоми таҷҳизоти мухобиротиро ба сарҳадбонони тоҷик, ки дар хати марз бо Афғонистон қарор доранд, таъмин кардааст.

Мо аз вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигарон ҳастем. Дар сурати идомаи тавсеаи мавқеи ДОИШ дар Афғонистон мо аз амнияти минтақа нигарон мешавем. Аз он ки бо омадани Толибон вазъи ҳуқуқи башар бадтар мешавад, ҳамчунин нигарон ҳастем. Толибон ахиран озодиҳои бунёдии занону духтаронро маҳдуд карда барои фаъолияти озоди матбуот мушкилот эҷод карданд.

Ҳукумати ИМА танҳо донор ё таъминкунандаи ёриҳои башардӯстона ба Афғонистон ва ҳам паноҳҷӯёни афғонистонӣ боқӣ мемонад. Аз августи соли 2021 ИМА ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояаш дар ҳаҷми 720 миллион доллар ёриҳои башардӯстона тақдим кардаанд. Ҳамкориҳо бо шарикон дар Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст, то ки кӯмакҳо дуруст тақсим шуда саривақт ба дасти одамони эҳтиёҷманд бирасанд. Дар ин самт мехоҳам аз Тоҷикистон ва идомаи ӯҳдадориҳояш дар таъмини мардуми Афғонистон бо нирӯи барқ ташаккур кунам, ки барои коҳиши бӯҳрони ҷории башарӣ равона шудааст.

Тоҷикистон, ки ҳамоно афғонистониҳои интиқолёфтаро мизбонӣ мекунад, аз кӯмакҳои сафорат ва донорҳои мустақил бархӯрдор аст. Бо маблағгузориҳои амрикоиҳо танҳо мактаби даризабон аз басташавӣ эмин монду 500 шогирди паноҳҷӯи афғонӣ таҳсилро идома медиҳанд. Дар Ваҳдат аз барномаҳои маърифатии Маркази амрикоӣ ҳам бачаҳои тоҷикистониву ҳам афғонистониҳо баҳра мебаранд. Дар Душанбе бар асоси Барномаи мусоидат ба рушди малакаҳои роҳбарӣ (LEAP) барои ҷавонони гурезаи афғон дар Тоҷикистон лагерҳо ва имкониятҳои таҳсил пешниҳод карда мешавад.

Дар робита бо таҷҳизоти боқимонда дар Афғонистон: ҷараёни аз кишвар ва ҷанги дарозмуддат берун шудани мо бисёр саросемавор гузашт. Бо ин вуҷуд, таҷҳизоте, ки шумо дар саволи худ ёд кардед, муҳимотест, ки дар борааш дар гузориши моҳи апрели Вазорати дифоъ ба номи Конгресс ҳам навишта шуд. Ин ҳама моли нирӯҳои дифои амнияти миллии Афғонистон аст ва таҷҳизоти ИМА нест. Таҷҳизоте, ки дар Афғонистон боқӣ монд, дар ҳолати мухталиф қарор дорад ва аксараш дигар ғайри қобили истифода мебошад.

Пурсиш: Оё мақомоти Тоҷикистон чархболҳои аз Афғонистон овардашударо ба мақомоти ИМА медиҳанд? Шуморашон чанд адад аст? Масалан, Узбекистон гуфт, ки қарор кард чархболҳои аз Афғонистон овардашударо ба ИМА бидиҳад.

Майкл Курилла: Мо аз неруҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорем, ки ҳавопаймоҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро, ки моҳи августи порсол ба ин кишвар интиқол ёфтанд, ҳифз мекунанд. Бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд. ИМА дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон роҳи беҳтари истифодаи муассири ин ҳавопаймоҳоро андеша доранд. Як умеди мо ин аст, ки ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд. Ман намедонам, ки ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем.

Пурсиш: То куҷо ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА ба ин назар аст, ки дар кишвари мисли Тоҷикистон, ки даст ба саркӯбҳои сиёсиву динӣ мезанад, мавзӯи мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” метавонад натиҷаи баръакс ба бор орад? Вақте ИМА ба Тоҷикистон кӯмак мекунад, оё замонати онро ҳам талаб мекунад, ки ин ёриҳо дар низоъҳои дохилии мисли ВМКБ ваё дар моҷароҳои марзии мисли Қирғизистон истифода нахоҳанд шуд?

Майкл Курилла: Иёлоти Муттаҳида диққати хешро ба ҳадафи таъмини суботи дарозмуддати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ равона кардааст ва кумакҳои мо ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 30 соли ахир бо ҳамин ҳадаф пешниҳод мешавад.

Мо ба ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон аз таҳдидҳои беруна, бахусус терроризм таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳем. Мо нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро тавассути омӯзиш, таҷҳизот ва васоити зарурӣ барои ҳифзи Тоҷикистон аз чунин таҳдидҳои беруна таъмин мекунем. Дар ҳар як омӯзише, ки дар байни кормандони хадамоти амниятии Тоҷикистон гузаронида мешавад, таъкид мешавад, ки чӣ гуна бо риояи ҳуқуқи инсон ва истифодаи нерӯи безиён мубориза бурдан бо таҳдидҳои вобаста ба амният имконпазир аст. Мо дар мавриди зарурат ба ҳукумати Тоҷикистон нигарониҳои худро баён мекунем. Мо пайваста ба ҳамаи шариконамон паём мерасонем, ки ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон барои ноил шудан ба ҳадафҳои муштараки мо – шукуфоӣ, субот ва амният муҳим аст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG