Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши WSJ аз зиндагии бархе мақомоти пешини Афғонистон дар хориҷ


Рӯзномаи "Wall Street Journal" гузориш додааст, ки шуморе аз мақомҳои пешини ҳукумати Афғонистон пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, хонаҳои гаронбаҳое дар Амрико ва дигар кишварҳои хориҷӣ харидаанд ва ҳоло бо хонаводаҳои худ дар ин маконҳои боҳашамат зиндагӣ мекунанд.

"Wall Street Journal" ин гузоришро пас аз баррасии санаду ҳуҷҷатҳо ва мусоҳибаҳо таҳия кардааст. Ин рӯзнома гуфтааст, ки сармояҳо ва дороиҳои бархе аз мақомҳои кобинаи Ашраф Ғанӣ, президенти пешин, афроди наздик ба ҳалқаи тасмимгириаш ва вакилон, ба кишварҳое интиқол ёфтааст, ки аксаран дастрасӣ ба дороиҳо маҳдуд аст. Бо суқути Кобул ба дасти Толибон, шумори зиёде аз мақомҳои давлатии Афғонистон ба хориҷ аз ин кишвар рафтанд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамкорони Ашраф Ғанӣ ба "Wall Street Journal", оқои Ғанӣ бо ҳамсараш нахуст дар меҳмонхонаи панҷситораи "St Regis"дар Абу Забӣ ҷобаҷо шуданд ва сипас Рула Ғанӣ (ҳамсари Ашраф Ғанӣ) як вилло ё бӯстонсарои хусусиро барои зиндагиашон интихоб кард.

Дар ин миён, Иклил Ҳакимӣ, яке аз вазирони молияи ҳукумати Ғанӣ ҳудуди даҳ маконро дар Амрико харидорӣ кардааст, ки бар асоси ёфтаҳои"Wall Street Journal", қимати умумии онҳо бештар аз 10 миллион доллар аст. Дар гузориш гуфта шудааст, охирин ҷойе, ки ин вазири пешини ҳукумати Афғонистон ва хонумаш дар як бинои баландошёна харидаанд, 1,1 миллион доллар қимат дорад ва дар соҳили баҳре дар иёлати Калифорния мебошад.

Дар гузориш навишта шудааст, ки ин хонаҳо дар замони дар мақоми вазири молия кор кардани оқои Ҳакимӣ ва пас аз Афғонистонро тарк кардани ӯ харидорӣ шудаанд. "Wall Street Journal" муваффақ нашудааст, ки дар бора назари Ҳакимиро бигирад.

Холид Поянда, сарпарасти пешини вазорати молияи Афғонистон дар робита ба ин гузориши "Wall Street Journal"вокуниш нишон додааст. Бар асоси ин гузориши "Wall Street Journal", оқои Поянда низ ду хона дар наздикии Вашингтон дорад, ки яке аз онҳо бо пули нақд харидорӣ шудааст. Ин гузориш арзиши онҳоро беш аз як миллион доллар гуфтааст.

Холид Поянда дар як нома ба "Wall Street Journal" гуфтааст, ки ин ду хонаро дар солҳои 2017 ва 2022 ва пеш аз оғози кораш бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ харидааст. Ӯ гуфтааст, пеш аз ин, ки дар ҳукумат вазифа бигирад, дар Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ кор кардааст.

Ӯ пештар ба як расонаӣ амрикоӣ гуфта буд, ки барои таъмини хароҷоти зиндагии худ дар Амрико, маҷбур шудааст таксиронӣ кунад.

Бар бундёди ин гузориш, Мустафо Мастур, вазири иқтисоди ҳукумати Ғанӣ, хоҳарзодаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, молики як тарҳ дар маҳаллаи рушёфта дар Дубай аст. Оқои Мастур гуфтааст, ки ӯ пеш аз ин, ки вазири иқтисод шавад, ин сармоягузориро кардааст. Вай дар паёми электронӣ ба "Wall Street Journal" навиштааст, "ҳеҷ чизи пинҳоне вуҷуд надошт ва ин танҳо сармоягузории ман дар Дубай буд".

Мустафо Мастур ҳоло дар як баландошёна дар Истанбул зиндагӣ мекунад, ки ба гуфтаи худаш, моҳҳо пеш аз фурӯпошии ҳукумати Афғонистон дар Туркия харидааст.

Ин рӯзнома навиштааст, ки Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Ашраф Ғанӣ чанд моҳ пеш аз суқути Кобул ҳамсари бордорашро ба меҳмонхонаи "Shangri-La" дар Абу Забӣ интиқол дода буд ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хароҷоти онро пардохт кардааст. Хонаводаи оқои Муҳиб баъдан ба як хонаи дигар интиқол ёфтааст.

Гуфта шудааст, ки хона ба модари ҳамсари Муҳиб тааллуқ дорад. Ҳамсари амрикоитабори Ҳамдуллоҳ Муҳиб низ молики як хона дар шимол-шарқи Вашингтон гуфта шудааст. Оқои Муҳиб ба "Wall Street Journal" инро таъйид кардааст, аммо гуфтааст, ки худаш дар ҳеҷ ҷойи дунё хонае ба номи худ надорад.

Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх низ ба як хона дар як минтақаи гаронқимати Дубай бо номи "Нахл", ки шомили гурӯҳе аз ҷазираҳои маснуӣ дар шакли дарахти хурмо, нақли макон кардааст. Сухангӯи Атомуҳаммади Нур гуфтааст, ки ин танҳо хонае аст, ки волии пешини Балх дар хориҷ аз Афғонистон дорад.

Шуморе аз ин мақомҳои баландпояи ҳукумати пешини Афғонистон ба дархости барои анҷоми мусоҳиба розӣ нашудаанд.

Абдурашид Дӯстум, муовини пешини раиси ҷумҳури Афғонистон дар Туркия ба сар мебарад. Бар асоси гузориши "Wall Street Journal", як рӯзноманигори маҳаллӣ аксеро дар "Твиттер" нашр кард, ки нишон медод Дӯстум дар маҳали зиндагии худ дар як минтақаи гаронқимат дар Анқара, аз меҳмонҳои худ истиқбол мекунад. Гузориш навиштааст, ки натавонистанд муайян кунанд, ки Дӯстум чӣ вақт ин хонаро харидорӣ кардааст. Сухангӯи Дӯстум ҳам аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ кардааст.

Пеш аз ин ҳарчанд чанд иттиҳом дар бораи интиқоли 169 миллион доллари амрикоӣ аз сӯи Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонаш пас аз суқути Кобул матраҳ буд, аммо бозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон ду ҳафта пеш дар гузорише гуфт, ки оқои Ғанӣ ва ҳамроҳонаш шояд ҳудуди 500 ҳазор долларро бо худ бурда бошанд.

XS
SM
MD
LG