Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Эрон 26 пайрави баҳоияро зиндонӣ кард


Ибодатгоҳи баҳоиён, акс аз соли 2008
Ибодатгоҳи баҳоиён, акс аз соли 2008

Додгоҳе дар Эрон 26 пайрави баҳоияро ба иттиҳоми "дасиса барои халалдор кардани амнияти дохилӣ ва берунӣ" аз 2 то 5 сол зиндон маҳкум кард. Баҳоиён ҳукмро танқид карданду беасос донистанд.

Бино ба гузоришҳои расида ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, ҳукмро Додгоҳи инқилобии шаҳри Шероз содир кардааст.

Ҳукм ба боздошти баҳоиён дар соли 2016 пайванд дорад. Чанд камбуд мурофиаро шаш сол кашол дод.

Бино ба ҳукми додгоҳ, панҷ марду шаш зан ба 5-солӣ ва нӯҳ зану шаш мард ба 2-солии зиндон маҳкум шудаанд. Онҳо баъди озодӣ низ маҳдудияти сафар хоҳанд дошт.

Ҷомеаи Байнулмилалии Баҳоиён иттиҳомоти зидди онҳоро комилан "беасос" хонда, гуфтааст, пайравонаш танҳо ба далели эътиқоду фаъолиятҳои мазҳабии худ ҳукм гирифтанд.

Баҳоиён, ки дар Эрон тақрибан 300 ҳазор ва дар саросари ҷаҳон тақрибан 5 миллион пайрав доранд, мегӯянд, дар Эрон пайваста дучори таъқиб ҳастанд.

XS
SM
MD
LG