Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, ҷанги Украина масъалаи таъмини ғизоро дар ҷаҳон ба мушкил дучор кардааст. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 7-уми июн ҳангоми нишасти бахшида ба масъалаи об дар Душанбе баён дошт.
Украина яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи гандум дар ҷаҳон аст. Аммо ба хотири ҳамлаи бедалели Русия дар рӯзи 24-уми феврал, имсол содироти гандум аз Украина ба мушкил дучор шудааст.
Хонум Амина Муҳаммад дар Душанбе ҳамчунин дар бораи мушкили таъмини об дар ҷаҳон суҳбат кард. Ӯ гуфт, "маҳдудияти дастрасӣ ба об нигаронии амиқро ба миён овардааст".
Муовини дабири куллии СММ ба ҳифзи оқилонаи захираҳои табиӣ дар ҷаҳон даъват кард. Ӯ афзуд, соли оянда дар шаҳри Ню-Йорк як нишасти калони бахшида ба масъалаи об зери роҳбарии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад. Ин нишаст, ба гуфтаи Амина Муҳаммад, баъди 50 сол дубора баргузор мешавад.
Конфронси дуюми байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” субҳи 7-уми июн дар бинои "Кохи Сомон"-и шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози нишаст гуфт, пеш омадани пандемияи COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро водор кард, ҳама имконотро барои раҳоӣ аз ин буҳрон сарф кунанд. Ҳол онки ба гуфтаи оқои Раҳмон, таъминот ба об ба хотири аҳамияти ҳаётӣ доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок бошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қавли коршиносон гуфт, то соли 2050 аҳолии замин ба 9 миллиард мерасад ва ин талабот ба обро зиёд мекунад. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, талошҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши камбуди об самараи дилхоҳ надоданд ва миллионҳо нафар ба оби тоза дастрасии комил надоранд.
Ба бовари ӯ, бидуни ёрии кишварҳои пешрафта ва созмонҳои моли ҷаҳонӣ, давлатҳои рӯ ба рушд дар ҳалли масъалаи оби ошомиданӣ ба мушкил дучор мешаванд. Тамаркузи асосии Эмомалӣ Раҳмон дар мушкили об ба оморҳои ҷаҳонӣ буд. Президент дар бораи мушкили дастрасӣ ба об дар Тоҷикистон чизе нагуфт.
Эмомалӣ Раҳмон танҳо афзуд, Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикиаш танҳо 6-7 дарсадашро истифода мекунад. Оқои Раҳмон аз бунёд неругоҳи "Роғун" бо иқтидори 17 миллиард киловат соат тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ, дар баробари тавлиди барқ, боиси пешгирӣ аз селу обхезӣ ва хушксолӣ мешавад.
Мавзӯи дигари суханронии президент, обшавии пиряхҳо буд. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пурра обшавии ҳазор пиряхи Тоҷикистон ёдоварӣ карда даъват кард, соли 2025 соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад.
Нишасти ҷаҳонии бахшида ба масъалаи об дар Душанбе то рӯзи 9 июн давом мекунад. Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, беш аз 2 ҳазор нафар аз кишвар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкати худро дар нишасти Душанбе тасдиқ кардаанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои минтақа аст, ки дар масъалаи вобаста ба об ба Созмони Милал пешниҳодҳои зиёде ироа кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид чандин қатъномаи вобаста ба обро қабул кардааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон то ҳанӯз як қисми аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.