Ҳукумати Русия рӯзи 2-юми июн созишнома дар бораи пардохти нафақа ба шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро ба баррасии аъзои Думаи давлатӣ ирсол кард. Ин созишнома сентябри соли 2021 имзо шуда, ҳадафаш тақсими одилонаи масъулияти пардохти нафақаи кор ба шаҳрвандони ду кишвар дар ҳолати кор карданашон дар қаламрави Русия ё Тоҷикистон аст.
Коршиносон мегӯянд, ки ин созишнома, пеш аз ҳама, барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, чун ҳар сол беш аз як миллион шаҳрванди ин кишвар бо ҳадафи кор ба Русия мераванд, вале садҳо ҳазори онҳо боз ҳам дар ҳолати ғайриқонунӣ кор мекунанд ваё талаботи пардохти андози иҷтимову нафақаро иҷро намекунанд.
Мақомоти Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки ба нафақа он гурӯҳи шаҳрвандоне умед баста метавонанд, ки кори расмӣ мекунанду андози иҷтимоиро пардохт мекунанд.