Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ҷашнвораи Авруосиёи "Бачаи обӣ"


Файзуллоҳи Файз. Акс аз соли 2017
Файзуллоҳи Файз. Акс аз соли 2017

Дар як ҷашнвораи филми Авруосиё (http://eurasianfilmfestival.uk), ки дар Лондон натиҷагирӣ шуд, филми сохтаи коргардони тоҷик “Бачаи обӣ” ҷоизаи “Интихоби тамошобин”-ро сазовор шуд. Филми сохтаи Файзуллоҳи Файз соли 2020 тавлид шуда, дар бораи фалокати эҳтимолии башарӣ баҳс мекунад. Ин филм дар соҳилҳои Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон бардошта шудааст. Ҷашнвораи филми Авруосиё бори чорум барпо мешавад ва ҳадафи он муаррифиву пешбурди синамои кишварҳои минтақа ба забони англисӣ дар ғарбу Аврупо мебошад. Ҷашнвораи филми Авруосиё то поёни моҳи май натиҷагирӣ шуд.

XS
SM
MD
LG