Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии гуштигири ҷавони тоҷик дар Алмато


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Асламҷон Азизов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, мураббии маъруфи қазоқ, ки 2-юми июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон оғоз ёфт, дар гуштии юнонию румӣ дар вазни 55 кило медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Асламҷон, ки рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, аз намояндаи Эрон Пуё Дод Марз шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ ғолиб омад.

Дар рӯзи аввал
и мусобиқа, ҳамчунин Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кило дар даври муқаддамотӣ варзишгари Қирғизистон Куттубек Абдукарим уулуро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Эрон Пуё Муҳаммад Носирпур ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Ернур Фидахметов мағлуб шуда, дар натиҷа ҷои панҷумро гирифт.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 3-юми июн - се варзишгари дигари тоҷик - Шероз Очилов дар вазни 72 кг, Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни 77 кг ва Суҳроб Абдулҳаев дар вазни 82 кг – дар намуди гуштии
юнонию румӣ ба рақобат мепардозанд.

Рӯзҳои 4-5-уми июн дар Алмато мусобиқа рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов оид ба гуштии озод баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин намуд чаҳор варзишгар - Шамсиддин Ибодов (61 кг), Комрон Холов (65 кг), Муборакшо Қурбонбеков (70 кг) ва Файз Файззода (97 кг) - муаррифӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон, дар Ҷоми Болат Турлихонов 275 варзишгар аз 15 кишвар иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG