Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дод


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дӯстона, ки 2-юми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб (U-20) бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳаитов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд. Голи ягонаи меҳмононро Ал-Ҷуниби Хазза ба ҳадаф расонд.

Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи шанбе, 4-уми июн, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 14-ум то 18-уми сентябри имсол дар Душанбе доир мегарданд.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-20) – ИМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ (U-20) – 3:1

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 24 (1:0). Азизбек Ҳаитов, 67 (2:0). Меҳроб Асоев, 90+1 – аз пеналти (3:0). Ал-Ҷуниби Хазза, 90+3 (3:1).

Тоҷикистон (U-20): Суҳробхуҷа Юсупов (Шаҳобиддин Маҳмудзода, 85), Фахриддин Аҳтамов (Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, 85), Раҳматшо Раҳматзода (Содиқҷон Қурбонов, 85), Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло (Асадбек Зиёзода, 62), Аббос Андалебов (Бежан Нишонбойзода, 62), Иброҳим Зокиров (Меҳроб Асоев, 77), Абдулло Шарипов (Амирҷони Фаррухзод, 62), Салам Ашӯрмамадов (Азизбек Далиев, 77), Азизбек Ҳаитов (Ҳамзаҷон Аҳтамов, 85), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Далер Шарипов, 62).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Тоҷикистон).

2-юми июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1100 тамошобин.

XS
SM
MD
LG