Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи сахт Тоҷикистонро такон дод


Шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.

Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази зилзила дар 59-километрии ғарби шаҳри Душанбе ва 12- километрии ғарби шаҳри Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Узбекистон будааст.

Манбаъ мегӯяд, шиддаташ дар онҷо ба 4.4 дараҷаи Рихтер баробар будаааст. Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон шиддати зилзиларо дар Душанбе 3-4 дараҷаи Рехтер гуфтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки зилзилаи шаби гузашта талафони ҷонӣ дар пай надоштааст.

Мардум дар Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва Турсунзода гуфтанд, ки заминларзаро эҳсос карданд. Сокинони зиёде дар Душанбе пас аз ин зилзила аз хонаҳояшон ба берун баромаданд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила одамон ба ҳалокат расида, чандин хона вайрон шуда буд. Аз ҷумла, моҳи июли соли гузашта бар асари зилзила дар ноҳияи Рашт 5 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо манзил тахриб шуд.

XS
SM
MD
LG