Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои намояндагияш дар Душанбе, ки ҳамзамон фаъолияти хабарнигоронро дар минтақаҳои дигари кишвар танзиму назорат мекунад, мудир меҷӯяд.
Касе, ки 8-10 сол таҷрибаи хабарнигорӣ; раҳбарӣ ва таҳияву таҳрири матолиб барои расонаҳои байнулмилалиро дошта, бо вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, минтақа ва ҷаҳон ошно бошад.
Доштани маълумоти журналистӣ ё соҳаҳои наздик ба он ҳатмӣ аст. Донистани забони тоҷикӣ зарурист. Русӣ ва англисӣ ҳам.
Мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳар рӯз дар ёфтану интихоби мавзуъ хабарнигоронро роҳнамоӣ карда, нақшаи корро бо дафтари марказӣ дар Прага ҳамоҳанг мекунад.
Ӯ таҳияи саривақтӣ ва босифати матолиб ва риояи меъёрҳои таҳририи Радиои Озодиро дар ҳама бахшҳо – радио, телевизион ва сомона – таъмин менамояд.