Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе бе ҳузури намояндаи Украина


Дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд. Чорабинӣ дар бинои Бӯстонсарои ҳукуматӣ мегузарад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон ширкат доранд.

Парчами Украина ҳам дар толори ҷаласа дида мешуд, аммо намояндагони Киев набуданд. Дар толор як курсии холӣ гузошта шуда буд. Тибқи маълумоти сомонаи расмии ИДМ, Украина то ҳол узви ин созмон аст, вале намояндагони ин кишвар чанд сол аст, ки ба ҷаласаҳо намеоянд.

Ҷаласаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз кард. Ба хотири онки раёсати ИДМ ба ӯҳдаи Қазоқистон аст, ҷаласаро вазири корҳои хориҷии ин кишвар пеш мебарад. Хабарнигоронро танҳо ба маросими ифтитоҳии чорабинӣ роҳ доданд. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ пушти дарҳои баста бо ҳам суҳбат доранд.

Дар назар аст, ки дидори вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ то нимарӯз идома кунад. Бар асоси барномаи нишаст, натиҷаҳои ҷаласа дар як нишасти хабарӣ эълон мешавад.

Хабар давоми рӯз такмил мешавад.

XS
SM
MD
LG