Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тирҳои тасодуфӣ" ва "омодагии ҷангии Тоҷикистон" чӣ маъно дорад? ВИДЕО


Тамрини нерӯҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари узви СПАД дар наздикии Афғонистон. Моҳи августи соли 2021
Баъзе аз коршиносон партоби чанд мушакро аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон "фишори Толибон" ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва иддае дигар "нишони густариши фаъолияти ДОИШ" номиданд. Расонаҳои Афғонистон рӯзи 7-уми май хабар доданд, ки ҷангҷӯён ба Тоҷикистон ҳафт мушак сар доданд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо гуфтанд, чанд тир тасодуфан расид. Дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешавад, нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд.”

Бисёриҳо гуфтанд, бо тасодуф хондани ин ҳодиса Тоҷикистон онро камаҳамият хонд. Вале таъкид ба “омодагии ҷангӣ” дар мавқеи расмии Тоҷикистон маъмулан хеле кам садо медод ва коршиносон бар ин назаранд, ки ҳолат ҷиддитар аз он аст, ки дар зоҳир дида мешавад. Толибон танҳо гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва шарҳи дигаре надоданд.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақаӣ, ҳодисаро як навъ фишори Толибон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ донист.

Тоҷикистон аз нахустин кишварҳое буд, ки соли гузашта эълон кард, ҳукумати Толибонро дар чунин шакл қабул нахоҳад кард. Мақомоти расмии Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд пуштибонӣ карданд. Миёни мақомоти Толибон ва мақомоти тоҷик соли гузашта чанд баҳси лафзӣ низ сурат гирифт.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад мегӯяд, Толибон ба далели комилан нодида гирифта шуданашон аз ҷониби Тоҷикистон, барнагардонидани чархболҳои низомии ҳукумати пешин ба ин кишвар ва пуштибонии сиёсии мақомоти тоҷик аз Ҷабҳаи муқовимат, ягона нерӯи умдаи мухолифи Толибон, уқда доранд.

Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки партоби мушакро дар миёнаи моҳи апрел аз Афғонистон ба хоки Узбекистон ва ҳамлаи охир ба хоки Тоҷикистон сохтакории Толибон медонад, ки ин корро бо номи шохаи “Хуросон”-и ДОИШ анҷом медиҳанд.

ДОИШ ё Шабакаи Ҳаққонӣ?

Узбекистон, ҳарчанд, бо ҳукумати Толибон равобити нармтаре дорад, ба дархости батакрори онҳо барои баргардонидани чархболҳои низомӣ, ки тариқи онҳо моҳи августи соли гузашта низомиёни собиқ фирор карда буданд, ҷавоби рад додааст.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад
Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

“Ин фикр дар миёни Толибон вуҷуд дорад, ки ҳоло Русия саргарми ҷанг бо Украина аст ва онҳо метавонанд, бо эъмоли фишор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ як миқдор ба натиҷаи мавриди назари худашон ноил шаванд. Ман ба ин назарам, ки дар кул, миёни ДОИШ ва Толибон, фосилаи бисёр зиёде вуҷуд надорад. То ҳол, ба истиснои даргириҳои ҳисобшуда, мо надидем, ки ДОИШ бар хилофи иродаи Толибон иқдом карда бошад. Иртиботи ДОИШ бо шабакаи Ҳаққонӣ барои коршиносони масоили амниятӣ ҳарфи нав нест,” – бовар дорад Қосимшоҳи Бекмуҳаммад.

Бисёре аз коршиносон ба пайванди шохаи “Хуросон”-и ДОИШ бо Толибон замоне бештар муътақид шуданд, ки моҳи марти имсол Абдураҳим Муслимдӯст, як раҳбари ин шоха эълон кард, ки ба Толибон пайвастааст. Вай он замон ба телевизиони “Тулуъ” дар Афғонистон гуфта буд, шумораи аъзои ДОИШ дар Афғонистон кам аст ва ин гурӯҳ суст шудааст.

Ҳикматёр: Ба мухолифини тоҷик дар Афғонистон пойгоҳ диҳед

Ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистон як рӯз пас аз он итифоқ уфтод, ки Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистон, дар намози ҷумъаи 6-уми май дар Кобул Тоҷикистонро барои пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер танқид кард. Изҳороти ӯ пас аз ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимат дар Андароб ва Панҷшер, ки ба иддаои онҳо ба Толибон зарбаи сахте задаанд, садо дод.

Ӯ, ки маъмулан бо забони пашту суҳбат мекунад, ин бор бо забони форсӣ ва хитоб ба Тоҷикистон гуфт, ки ба Ҷабҳаи муқовимат дафтар надиҳад. Ба иддаои ӯ, Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимат бо пуштибонии Амрико дар Фархор пойгоҳ додааст. Ӯ гуфт, дар баробари ин тасмими хасмона Афғонистон ба мухолифини сиёсии Тоҷикистон паноҳгоҳ бидиҳад. Ин суханҳоро Ҳикматёр пас аз он ба забон овард, ки чанд рӯз пеш бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон вохӯрд. Ба дунбол иттифоқ афтодани ин ҳамаро баъзе таҳлилгарон “ҳалқаи як занҷир” медонанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Гуфтаҳои Ҳикматёр дар бораи Тоҷикистон "ёва" аст ё ҷиддӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Ториқ Фарҳодӣ, таҳлилгари афғонистонии муқими Шветсария, ба ин назар мувофиқ нест ва мегӯяд, ДОИШ воқеияти бад барои Толибон аст, ки ҳамеша ин гурӯҳро ба чолиш мекашад. Ба қавли ӯ, Толибон ҳаргиз намехоҳанд, ДОИШ қавӣ шавад ва нокомии ҳукумати онҳоро дар баробари мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ намоиш диҳад. Ҳамзамон рад накард, ки ҳузури раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар Душанбе Толибонро хашмгин мекунад.

“Фикр мекунам, Тоҷикистон сарҳади худро хуб ҳимоят мекунад ва як-ду мушаки ДОИШ чизеро тағйир намедиҳад. Ҳикматёр ҳеч масъулият надорад, ҳарчанд гоҳе дар ҳукумати Толибон ба ҳарфаш гӯш медиҳанд. Толибон ба ҳама ваъда кардааст, ки газанде аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя намерасад. Ин масъулияти сангин сари Толибон аст. Фикр накунам, онҳо ба чунин коре даст зананд. ДОИШ аз қабл вуҷуд дошт ва аз пеш бо Толибон меҷангиданд. Идеологияи ин ду гурӯҳ аз ҳам пурра фарқ мекунад. Тоҷикистон бояд бо Толибон сари миз шинад, ба расмият нашиносад, вале бояд мулоқот кунад,” -- гуфт Ториқ Фарҳодӣ.

Ин коршинос ҳамлаҳои ДОИШ-ро ба кишварҳои минтақа ба густариши фаъолияти ин гурӯҳ дар хоки Афғонистон рабт медиҳад.

“Толибон ҷаҳон ва минтақаро тарс медиҳанд”

Азиз Бориз, таҳлилгари дигари афғонистонӣ, Ҳикматёрро як фарди “ёвагӯ” медонад, вале айни замон мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки ҳарфи ӯро ҳамқавмони паштуяш, ки аксар мансабҳоро дар ҳукумати Толибон дар даст доранд, нодида бигиранд.

“Эҳтимол ДОИШ-е вуҷуд надорад. Толибон мехоҳанд, ба ин восита як тарс эҷод кунанд, ки агар Шумо хостҳои моро қабул накунед, ҳамлаи ДОИШ бештар хоҳад шуд. Бо ин амал онҳо мехоҳанд, таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ҷалб кунанд ва шарт гузоранд, ки Шумо ё бо мо ҳамкорӣ мекунед, ки ДОИШ-ро саркӯб кунем ё ДОИШ ба Шумо зарар мерасонад,” – шарҳ дод ӯ.

Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тасарруф карданд ва ҳукумати худро “Имороти исломии Афғонистон” ном ниҳоданд. Мақомоти тоҷик, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҳукумати онҳоро танқид кард ва гуфт, дар он саҳми тоҷиконро, ки беш аз 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, намебинад.

Бо гузашти беш аз нӯҳ моҳ, ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Толибон низ хости кишварҳои ҷаҳонро бар сари ташкили ҳукумати ҳамашумул (фарогир), риояи ҳаққи занону духтарон ба кору таҳсил ва ҷиддӣ гирифтани ҳуқуқи инсон нодида гирифтаанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG