Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ дар Душанбе коргар меҷӯяд


Акс аз гузаштаҳо
Акс аз гузаштаҳо

Намояндагии Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе барои утоқи фармон ё идоракунӣ (Control Room) як оператори моҳир меҷӯяд.

Оператор масъули назорати таҷҳизоти гуногун дар студия, сабт, камераҳо, рӯшноӣ ва графика хоҳад буд.

Илова бар ин, ҳамчун раҳбати смена ё баст амал карда, ҷадвал ё барномаи студияро танзим мекунад ва кормандонро барои пахш ва сабтҳо таъйин менамояд.

Довталабон дастикам 5 сол таҷрибаи кор дар пахши мустақими телевизион дошта, дастгоҳҳои нави сабту танзим, аз ҷумла TriCaster-ро хуб истифода карда тавонанд.

Донистани забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҳатмӣ аст.

Довталабон, инчунин, бояд аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, минтақа ва ҷаҳон огоҳ бошанд.

Маълумоти бештарро дар линки зер дарёфт намоед

XS
SM
MD
LG