Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кипр шаҳрвандии чанд миллиардери рус ва наздиконашонро бекор кард


Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

Мақомоти Қибрис (Кипр) шаҳрвандии 4 миллиардери русро бо аҳли оилаашон бекор кард. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар хабар додаанд.

Ба ин тартиб, миллиардери рус Олег Дерипаска, президенти ширкати "Меркурий" Игор Кесаев, муассиси "Комсомолская правда" Григорий Берёзкин ва хоҳари Алишер Усмонов – Гулбаҳор Исмоилова аз шаҳрвандии Қибрис маҳрум шуданд.

Ҳамчунин Қибрис 11 нафари дигарро дар пайи ҷанги Русия дар Украина аз шаҳрвандӣ маҳрум кардааст.

Номи ин сарватмандони рус дар рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам оварда шудааст.

Дерипаска соли 2017 шаҳрвандии Қибрисро гирифта буд. Соли 2019 ҳам баъзе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки мақомоти Қибрис (Кипр) ин миллардери наздик ба Кремлро аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд.

Гулбаҳор Исмоилова хоҳари миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов, соли 2015 соҳиби “визаи тиллоӣ”-и Қибрис шуда буд.

Бино ба иттилои Reuters, тибқи барномаи “визаи тиллоӣ” ба беш аз 600 ҳазор хориҷӣ, аз ҷумла ҳудуди 300 ҳазор сарватманди рус шаҳрвандии Қибрис дода шудааст.

Ҳоло мақомоти ин кишвар санади 1100 нафари дигарро, ки бар ивази сармоягузорӣ ба Қибрис соҳиби шаҳрвандӣ шудаанд, барои қонуншикании марбут ба ҷанг дар Украина тафтиш мекунанд.

Иёлоти Муттаҳида барои ҷустуҷӯ ва боздошти дороиҳои элитаи Русия дар ғарб гурӯҳи байнулмилалӣ таъсис додааст. Дар феҳрасти шахсони таҳримшуда номи 50 сарватманди рус оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG