Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон раванди санҷиши мошинҳои Қирғизистонро тезонидааст


Марзи Қирғизистону Қазоқистон
Марзи Қирғизистону Қазоқистон

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 21-уми апрел иттилоъ дод, ки дар давоми як шабонарӯзи ахир ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар бо Қазоқистон мушоҳида карда нашудааст.

Аз ҷумла, шумори мошинҳое, ки мехоҳанд вориди Қазоқистон шаванд, дар гузаргоҳи марзии "Ак-Тилек"-и Қирғизистон бо он кишвар коҳиш ёфтааст. Қаблан дар ин гузаргоҳ то 180 мошини боркаш барои гузаштан аз марз навбат меистоданд.

Хадамот афзудааст, ки ҷониби Қазоқистон давоми шабонарӯзи ахир раванди санҷиши мошинҳои боркашеро, ки аз ҷониби Қирғизистон ворид мешаванд, тезонидааст.

Пештар Девони вазирони Қирғизистон хабар дода буд, ки ҷониби Қазоқистон розӣ шудааст, дар сурати мавҷуд будани санадҳои лозимӣ барои интиқоли мол ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мошинҳои боркашро дар марз аз санҷиш нагузаронад ва ба ҳамин тариқ аз ҷамъшавии мошинҳо пешгирӣ кунад.

Навбатпоии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ҳоле, ки ин ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд. Яке аз афзалиятҳои узвият дар иттиҳоди мазкур гардиши озодонаи молу маҳсулот дар дохили кишвраҳои узв аст.

XS
SM
MD
LG