Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи омадани сел дар Ҷиззах 4 кас ҷон бохтааст


Сел дар Ҷиззах. 20-уми апрели 2022
Сел дар Ҷиззах. 20-уми апрели 2022

Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбекистон чаҳор кас, як марду се зан, ҷон бохтаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод, ки офати табиӣ рӯзи 20-уми апрел ба манзилҳои зист, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишт осеб расонд.

Ба огаҳии вазорат, дар ҳоли ҳозир бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дорад.

Пештар вазорат хабар дода буд, ки боридани борони зиёд дар ноҳияҳои Бахмал, Фориш, Галлаарал ва Шароф-Рашиди Ҷизах боиси омадани сел шудааст.

XS
SM
MD
LG