Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ барои Қирғизистон 150 миллион доллар медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ ба Қирғизистон барои беҳсозии низоми обёрӣ 100 миллион доллар ва барои рушди вилояти Бодканди он кишвар 50 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Мудири минтақавии бонк дар Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова гуфтааст, лоиҳаи сармоягузории низоми обёрии Қирғизистон ба маблағи 100 миллион доллар хидматрасониҳоро дар ин бахш беҳтар хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, ними ин пулҳо ҳамчун грант ҷудо карда мешаванд.

Ба назари масъулони бонк, сармоягузорӣ ба афзоиши ҳосилнокии зироатҳо тавассути тавсеаи дастрасӣ ба об дар вилоятҳои Иссиқкӯлу Бодканд, такмили низоми обёрӣ ва беҳбуди идораҳои об дар вилоятҳои Бодканд, Ҷалолободу Ӯши Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG