Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари пешини хоҳарзодаи Назарбоевро ба фасод гумонбар карданд


Универсиадаи соли 2017. Алмато, Қазоқистон
Универсиадаи соли 2017. Алмато, Қазоқистон

Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон рӯзи 20-уми апрел хабар дод, ки Гулмира Сатибалдӣ, ҳамсари пешини Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар ғорати маблағҳое гумонбар мешавад, ки барои таъмири иншооти Универсиадаи зимистонаи соли 2017 ҷудо шуда буданд.

Дар хабари Хадамот омадааст, мақомоти зидди фасоди шаҳри Алматои Қазоқистон парвандаи ҷиноиеро нисбати афроди масъули ширкати "Ария-Жана Остона", аз ҷумла Гулмира Сатибалдӣ оғоз кардаанд.

Парванда "ғорати маблағҳои буҷаи соли 2019"-ро дар бар мегирад. Гуфта мешавад, ширкат гуё барои корҳое маблағ харҷ кардааст, ки амалан иҷро нашудаанд. Гап дар бораи иншооти Универсиадаи соли 2017 дар шаҳри Алмато меравад.

Моҳи марти имсол мақомоти Қазоқистон аз боздошти Гулмира Сатибалдӣ хабар дода буданд. Вай дар "ғасби ғайриқонунии тиҷорат" гумонбар мешуд.

Гулмираро баъди чанд рӯзи боздошти шавҳари пешинаш Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев боздошт карданд. Кайрат Сатибалдӣ бо айби ғорати маблағҳои буҷа ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG