Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба муҳоҷирони узбекистонӣ сабукӣ додааст


Муҳоҷирони аз Узбекистон.
Муҳоҷирони аз Узбекистон.

Шаҳрвандони Узбекистонро дар Русия аз сабти номи ҳатмӣ барои 15 рӯзи аввали вуруд озод мекунанд. Пештар ин муҳлат 7 рӯзро дар бар мегирифт. Ҳамин сабукӣ барои шаҳрвандони Русия низ дар Узбекистон дода мешавад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллии Узбекистон, порлумони ин кишвар бо Думаи давлатии Русия созишномаи содасозии будубоши шаҳрвандони ду кишварро дар ҳудудҳои якдигар тасдиқ кардаанд.

Созишномаи мазкурро ҳукуматҳои ду кишвар 21-уми майи соли 2021 дар Маскав ва 17-уми июни ҳамон сол дар Тошканд имзо карда буданд.

XS
SM
MD
LG