Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Кӯлоб мегӯянд, дуздҳо "беинсофтар" шудаанд. ВИДЕО


Назди бинои ШВКД-и Кӯлоб
Назди бинои ШВКД-и Кӯлоб

Бархе сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки кормандони пулиси маҳаллӣ ҳолатҳои дуздиро ҷиддӣ намегиранд ва гумонбарони даст доштан дар дуздиҳоро бозпурсӣ намекунанд.

Мақомот афзоиши ҳолатҳои дуздии ашёи сокинонро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, ҳама шикоятҳо таҳқиқ мешаванд. Коршиносон афзоиши дуздиро ба бекории ҷавонон рабт медиҳанд. Кӯлоб, ки сеюмин калонтарин шаҳри Тоҷикистон аст, ҳеҷ корхонаи бузурги саноатӣ надорад, ки ҷавононро ба кор фаро гирад.

Соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 295 ҳолати дуздӣ сабт шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 116 маврид бештар будааст. Ба гуфтаи мақомот, 20 дар сади ин ҳолатҳо ошкор нашудааст.

Бибисоро Шарифова, сокини маҳаллаи Корвонгузари Кӯлоб мегӯяд, мурғҳояшро дуздиданд, вале милисаҳо шикояташро баррасӣ накарданд. “Гуфтанд, ки чора мебинем, чора надиданд. Баъди як ҳафта аз ошхонаам орд, равған, попушҳои шавҳарамро дуздиданд.”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Агар дар гузашта гову молро медуздиданд, ҳоло орду равғанро ба яғмо мебаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Як ҳафта қабл саги зоти олмонии Мавлуда Худойдойдодва, сокини дигари Кӯлоб аз хонааш гум шуд. Ӯ ба пулис муроҷиат кард, чора надиданд. Мавлуда нафареро, ки сагашро дуздида буд, пайдо кард ва аз ӯ ба пулис шикоят кард, аммо мегӯяд, “дузд беҷазо монд.”

“Ман суроғ карда, сагамро ёфтам. Ба кормандони милиса гуфтам, ки саги маро фалон одам дуздидааст, чора бинед, чора надиданд. Имрӯз саг дуздид, фардо гову мол медуздад.”,--гуфт ӯ.

Сокинон мегӯянд, ки дуздҳо "беинсофтар" шудаанд ва ҳоло одитарин ашёи рӯзгорро низ медузданд. Зоҳиран, онҳо ба ҳаде густох шудаанд, ки одитарин ашёро низ бешармона медузданд. Қаблан, дуздҳо талош мекарданд, ки танҳо ашёи гаронарзишро бидузданд.

Маҳмаднозим Муродов, сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, “дар ду сол ҳафт говашро гум кард, вале кормандони пулис на дуздро ёфтанд ва на говҳоро.”

Бино бар омори Вазорати корҳои дохилӣ дуздӣ дар саросари кишвар бештар шудааст. Соли 2021 дар Тоҷикистон 6425 дуздӣ сабт шудааст, ки назар ба соли пеш 255 адад зиёд будааст.

XS
SM
MD
LG