Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд корманди собиқ баъди барканорӣ аз ҳукумат шарҳ хостаанд. ВИДЕО


Акси Сайлигул Раззоқова ва Маҷидӣ Муҳтадӣ
Акси Сайлигул Раззоқова ва Маҷидӣ Муҳтадӣ

Сайлигул Раззоқова шаш моҳ пеш ба ҳайси котиби ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг кор мекард. Моҳи октябри соли гузашта вакилони маҳаллӣ ҷаласае баргузор карда, гуфтаанд, ӯ бо мардум муомилаи хуб надорад ва барои ҳамин лоиқи кор дар ҷамоат нест. Вакилон нисбати Раззоқова бар асоси Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" изҳори нобоварӣ карда, хостаанд, аз вазифа озод шавад.

Хонум Раззоқова мегӯяд, иддаои вакилон асос надорад ва дар асл ӯро барои шикояташ аз мушкилоти ҷамоат ба раиси ноҳия аз кор рондаанд. Ӯ иддао дорад, ки раиси ноҳия қавл додааст, барои баррасии мушкилот кумисюнеро ташкил мекунад, "вале ҳамин суҳбат сабаби аз кор ронданаш шуд.

"Рӯзи 12-уми октябр ман мушкилотро ба раиси ноҳия расондам. Гуфт, муаллима, хуб, пагоҳ гурӯҳи кориро равон мекунам. Худатро ҳам месанҷанд, ҳуҷҷатҳоро ҳам мебинанд, ба ягон хулоса меоем. Ман дилам пур буд, ки гурӯҳи корӣ ба ман ёрӣ мерасонад," – ба ёд овард ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Баҳси кормандони собиқ бо раиси Ховалинг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Ин зани 50-сола мегӯяд, 30-соли умрашро ба кор дар мақомоти маҳаллӣ сарф кард ва барканориаш «ноодилона ва беинсофист». Аз ин рӯ, ба додгоҳ муроҷиат кардааст, то ӯро дар мақомаш барқарор кунад.

Додгоҳҳои Ховалинг ва Кӯлоб ин шикоятро рад карда, гуфтаанд, ӯ ҳамчун хидматчии давлатӣ тартиботи дохилиро риоя накарда, боиси арзу шикоятҳои мардум шудааст. Раиси ноҳия низ мегӯяд, “инҷо ҳеч ғаразе нест ва ӯ касеро аз кор нарондааст.”

Маҷидӣ Муҳтадӣ
Маҷидӣ Муҳтадӣ

Маҷидӣ Муҳтадӣ, раиси ноҳияи Ховалинг, гуфт: “Котиби ҷамоати Шугнов дар салоҳияти худи ҳамон ҷамоат аст. Дар ҳамонҷо баррасӣ шудааст, ягон дастур аз ҷониби раиси ноҳия нашудааст.”

Баҳсҳои аз вазифа барканор шудани кормандон дар ҳукумати Ховалинг баъди таъйин шудани Маҷидӣ Муҳтадӣ ба ҳайси раиси ноҳия оғоз шуд. Ҳоло чаҳор нафар дар Ховалинг даъво доранд, ки раис бо ҳар баҳона онҳоро аз кор барканор кард.

Шаш моҳ пеш Искандар Бобоназаров, раиси собиқи дастгоҳ ва Малика Раҳимзода, корманди шуъбаи умумии ҳукумати ноҳия, баъди барканорӣ ба дастгоҳи президент шикоят бурдаанд. Кормандони собиқ дар барканорӣ ва баҳсҳо раиси ноҳияро гунаҳкор медонанд, вале ӯ ин ҳамаро рад мекунад.

Сайлигул Раззоқова, Искандар Бобоназаров ва Малика Раҳимзода аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ба барканории онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад, вале то ҳол посух нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG