Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нави Толибон бисёриҳоро ғамгин, вале баъзе домодҳоро шод кард. ВИДЕО


Суханронии як рӯҳонӣ дар маҳфили арӯсӣ дар Ҳирот
Суханронии як рӯҳонӣ дар маҳфили арӯсӣ дар Ҳирот

Толибон дар Афғонистон, ки бо қарорҳои аҷибу ғариби худ машҳуранд, ба толорҳои арӯсӣ амр додаанд, ки ҷашнҳои арӯсиро бо рақсу мусиқӣ баргузор накунанд. Ба қавли муллоҳо ва ё намояндагони идораи амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон, бар асоси муқаррароти ислом, "мусиқӣ яке аз мункарот ба ҳисоб меравад ва набояд бошад". Ин тасмим мухолифону ҷонибдорони худро дорад.

Наът ба ҷойи таронаҳои шод

Аз толори арӯсии "Қасри император" дар Ҳирот замоне садои суруду мусиқӣ ба фалак мепечид. Дар инҷо ҳам домоду арӯс менишастанду мардум ба табрикашон меомаданд. Толибон, ки ҳоло дар қудрат ҳастанд, ба соҳибони толор гуфтаанд, ки дигар ҳақ надоранд, чунин ҷашнҳо баргузор кунанд.

Шайх Азиз Раҳмон, раиси Идораи амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон дар Ҳирот, гуфт, "мусиқиву чизҳои дигари мункарот, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ, хеле ривоҷ дошт. Мо омадем, ба иттиҳодияи толорҳо, ба иттиҳодияи кофешопҳо гуфтем, ки ин чизҳои мункарот дигар набояд бошад."

Акнун ҷашни арӯсӣ тибқи хостаи Толибон созмон дода мешавад. Аз арӯс ва аз зане ҳам нишоне нест. Наът ҷойи таронаҳои шодро гирифтааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Толибон рақсу мусиқиро дар тӯйҳо манъ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Мухолифон чӣ мегӯянду тарафдорон чӣ?

Манъи суруду мусиқӣ дар ҷашнҳои арӯсӣ орзуҳои баъзе аз ҷавонони афғонро, ки ин рӯзи бузургро барномарезӣ кардаанд, барбод додааст. Зуҳро, ки бо писархолааш ақд бастааст, яке аз онҳост.

"Арӯсӣ бузургтарин орзуи як духтар аст, яъне бузургтарин шодӣ. Вале тавре ки Толибон қонуни навро ба толорҳо ҷорӣ кардаанд, боиси барбод рафтани ин орзуҳо шуд. Он рақам арӯсии бонишот ва боҷунбуҷӯшро гирифта наметавонанд," – гуфт сокини Ҳирот Зуҳро Ризоӣ.

Азбаски рақсу суруду нишот дар толорҳои арӯсӣ манъ шуд, аксарият дигар дар хона ҷашни арӯсӣ баргузор мекунанд. Баъзе аз ҷавонони афғон, ки зӯрашон ба ҷашни арӯсӣ намерасад, мегӯянд, Толибон зан гирифтанро осон кардаанд.

Қирмиз Аминӣ яке аз онҳост: "Масрафҳо дигар ба мисли пеш нест, сабуктар шудааст, чунки толорҳо суннатӣ шудааст ва мо метавонем, ки масрафи ҷашнро бидиҳем. Мисли қабл нест, ки барои мо сангин бошад."

Зиёни моликони тарабхонаҳо

Аммо барои соҳибони толорҳои арӯсӣ сангин аст, чун дигар аз даромад маҳрум шуда ва коргаронашонро ҷавоб додаанд. Аҳмад Ғуломӣ, соҳиби толори арӯсӣ дар Ҳирот гуфт, "мушкилоти бисёр дорем. Сармоя, ки ҳам доштем, сармояро банд кардем. Феълан даст рӯйи даст нишастем. Бисёре аз коргаронамонро берун кардем."

Афғонистон дар бештар аз ним сол ҳукуматдории Толибон тағйироти зиёде дид. Ҳарчанд амният андаке беҳтар шуд, ҳоли иқтисоди кишвар бад аст ва рӯ ба табоҳӣ дорад. Мардум ҳам аз тарси он ва фармонҳои сахтгиронаи Толибон ба тадриҷ аз кишвар мераванд.

XS
SM
MD
LG