Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар пешам одамонро кафонданд". Нақли ҷавони тоҷик аз ҷанг дар Харков. ВИДЕО


Ҳабиб Давлатов, варзишгари тоҷик
Ҳабиб Давлатов, варзишгари тоҷик

Ҳабиб Давлатов, варзишгари тоҷик, ки баъди ду ҳафтаи ҳамлаи Русия ба Украина аз шаҳри Харков фирор кард, аз даҳшатҳои дидааш ба Радиои Озодӣ нақл кард.

Давлатов мегӯяд, шоҳиди он шуд, ки нерӯҳои Русия чигуна ба боғчаву мактаб ва беморхонаҳо ҳамла карданд ва ҷасадҳо дар қади роҳ мехобид. Толори варзишие ки ин варзишгари муҳорибаҳои омехта дар он тамрин мекард ҳам ба хок яксон шудааст. Ҳабиб Давлатов 26 сол дорад ва ба гуфтаи худаш се соли ахир дар Харков мезист. Дар оғози суҳбат нахуст аз ин ҷавони тоҷик пурсидем, ки субҳи 24-уми феврал ҷанг чигуна дар Харков оғоз шуд?

Ҳабиб Давлатов: Соати 5-и саҳар аз ҳамлаи нерӯҳои Русия тарсида бедор шудам. Онҳо шаҳри Харковро бомбборон мекарданд. Ҳанӯз даҳ рӯз пеш аз ин ҳамла, ба ҳама маълум буд, ки ҷанг мешавад. Вақте Русия сарбозонашро ба тарафи Харков меовард, мардум ҳама медонистанд.​

Радиои Озодӣ: Мардум чӣ омодагиҳо доштанд? ​

Ҳабиб Давлатов: Ягон омодагии ҷиддӣ надоштанд, ҳама мисли пештара зиндагӣ мекарданд. Ҳама хуб буд. Вале баъде, ки ҳамла оғоз шуд, мардум аз Украина ба давлатҳои Аврупо фирор карданд.

“Дар Русия маро азоб доданд”

Радиои Озодӣ: Шумо дар як навиштаатон дар Фейсбук аз Русия ва президенти он кишвар сахт танқид кардед. Онҷо чиро дидед, ки боиси вокуниши тунди Шумо шуд?​

Ҳабиб Давлатов
Ҳабиб Давлатов

Ҳабиб Давлатов: Аз соли 2014 то 2019 дар Русия будам, бисёр мушкилӣ ва азобу озор дидам. Моҳи сентябри 2019 маро аз Русия ихроҷ карданд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ман дуруст буд, ягон мушкилӣ надоштам. Вақте маро доштанд, ҳуҷҷатҳоямро тафтиш карданд, гуфтам, ки ҳуҷҷатҳоям дуруст аст. Ба ман гуфтанд, ки ҳозир “тозакунӣ” аст ва Маскавро аз муҳоҷирон тоза карда истодаем. Хоҳиш кардам, ки маро озод кунед, билет гирифта ба Тоҷикистон бармегардам. Ҷавоб надоданд ва бурданду 45 рӯз дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ доштанд ва баъд худашон равон карданд. Онҷо дар як ҳафта 1-2 бор бо “электрошок” маро азоб медоданд. Бисёр азобҳоро дар Боздоштгоҳи Сахарова дидам. Буданд бачаҳои тоҷик, ки мегуфтанд 2-3 сол шуд дар ҳаминҷоем ягон кас суроғамон намекунанд. Вақте бо сардори боздоштгоҳ суҳбат кардам гуфт, ки инҷо мо гунаҳкор нестем, гунаҳкор сафорати шумо аст, ки шуморо соҳибӣ намекунад.​

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Нақли ҷавони тоҷик аз даҳшати ҷанг дар Харков
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳоло баргардем ба Украина. Шумо гуфтед, ки 3 сол дар шаҳри Харков зиндагӣ мекардед. Баъди ҳамлаи Русия чанд рӯз дар дохили ҷанг будед?

Ҳабиб Давлатов: 13-14 рӯз дар дохили ҷанг будам. Ман дар ноҳияи Салтовка зиндагӣ мекардам. Дар 150-200 метрии ҷойи зисти ман як бунгоҳи тиббии калон, боғча ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ буд. Ман дидам, ки неруҳои Русия мардумро кушта истодаанд. Ин ягон хел амалиёти махсус нест. Бо чашмонам дидам, ки ба хонаҳои зисти мардум, ба боғчаҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ҳамла карданд. Як ҳафтаи ҷанг гузашт, ягон нақлиёт кор намекард, ки ба истгоҳи роҳи оҳан равам. Аз онҷо мехостам ба шаҳри марзии Лвов рафта, ба Лаҳистон гузарам. Пойи пиёда то ними роҳ рафтам, вақте артиши Русия зада ба Харков даромад, дар пеши чашмонам дидам, ки нақлиётро кафонданд. Нақлиёте, ки мардум фирор карда истодаанд. Агар сарбозони Украина намебуданд, мумкин ман ҳоло зинда набудам.

Радиои Озодӣ: Шумо чихел наҷот ёфтед?

Ҳабиб Давлатов: Вақте ман мебаромадам аз тарафи ноҳияи Салтовкаи шимолӣ нерӯҳои рус омаданд ва бо артиши Украина рубарӯ заданд ва ҷанг сар шуд. Сумкаамро партофтам ва дар замин бо шикам хоб кардам. Низомиҳои Украина омада, маро бардошта пурсиданд, ки куҷо меравӣ? Шиносномаамро нишон дода гуфтам, ки бояд ба истгоҳи роҳи оҳан рафта, аз онҷо ба Лвов равам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки ҳозир рафта наметавонӣ, чунки нерӯҳои Русия ба шаҳр даромадагианд, мо то шаҳрро тоза накунем ба истгоҳи роҳи оҳан имкони рафтан нест. Бо тавсияи низомиёни Украина ба хона баргаштам ва як ҳафтаи дигар интизор шудам. Баъд аз онки шаҳрро аз дасти истилогарон озод карданд, 1,5 соат пиёда то истгоҳи роҳи оҳан рафтам. Дар истгоҳи роҳи оҳан як рӯз истодам то ба шаҳри Лвов равам.

Радиои Озодӣ: Барои чӣ?

Ҳабиб Давлатов: Барои онки қатораҳо ҳама пур аст.

Радиои Озодӣ: Шумо кадом рӯз баромадед аз Харков?

Ҳабиб Давлатов: Рӯзи 7-8 март буд.

“Мурдаҳо дар кӯчаҳо хобанд”

Радиои Озодӣ: Мақомоти Русия гуфтанд, ки ғайринизомиёнро ҳадаф намегиранд, ба занону кӯдакон кор надоранд. Шумо пештар гуфтед, ки шоҳиди ҳамла ба боғча ва мактабу беморхона будед. Оё кушта шудани ғайринизомиёнро ҳам дидед?

Ҳабиб Давлатов: Аз низомиён дида, ғайринизомиён бештар кушта шуданд. Худам вақте ба мағоза мерафтам, наворе сабт кардам, ки неруҳои Русия чихел ба беморхона ҳамла карданд. Дар Харков як бародари тоҷик зиндагӣ мекунад, аз замони ҳамлаи Русия бо ӯ тамос гирифта наметавонем. Ӯ дар наздикии марзи Русия зиндагӣ мекард. Неруҳои Русия аз ҳамон тараф ҳамла карданд ва он ноҳияеро, ки он бародар зиндагӣ мекард, ҳамаро ба хок яксон карданд.

Радиои Озодӣ: Мақомоти Украина гуфтанд, ки 90 дарсади биноҳо дар Мариупол осеб дидаанд. Рӯзе, ки шумо аз Харков мебаромадед вазъият чигуна буд?

Ҳабиб Давлатов
Ҳабиб Давлатов

Ҳабиб Давлатов: Рӯзе ки баромадам, вазъият бовар кунед, дар роҳҳо рафтан намешавад. Ман бо чашмонам дидам, ки чихел ба хонаҳо ҳамла мекунанд, нақлиётро мекафонанд, чихел мардумро мекушанд. Қасам ба Худо мурдаҳоеро дидам, ки дар кӯча хобанд, вале касе ба суроғашон намеояд. Бештарашон шаҳрвандони оддӣ буданд.

Радиои Озодӣ: Рӯзе ки баромадед назорати шаҳри Харков дар идораи кадом тараф буд?

Ҳабиб Давлатов: Шаҳр пурра дар зери назорати неруҳои Украина буд. Артиши Русия ба ҳадафаш нарасид. Сарбозони Русия вақте даромаданд бештарашонро куштанд, як қисмашон таслим шуданд. Шунидам, баъзе сарбозони рус, ки асир афтода буданд, нақл кардаанд, ки ба мо гуфта буданд, моро бо гул пешвоз мегиранд. Мо интизор набудем, ки моро мекушанд.

“Мегӯянд, ки аз замини худ ҳимоят мекунем”

Радиои Озодӣ: Руҳияи мардум дар шаҳри Харков чигуна буд? Аксарият фирор карданд ё муқовимат нишон доданд?

Ҳабиб Давлатов: Занон ва пиронсолон фирор карданд. вале бисёриҳо бар зидди Русия меҷангиданд, ҳатто кӯдакон меҷанганд. Ягон нафар дар Украина сулҳи Русияро интизор нест ва набуд. Мардум худашон ба нерӯҳои Русия мегӯянд, ки аз давлати мо равед, мо озод зиндагӣ кардан мехоҳем. Баъзе рафиқони ман ки ҳамроҳ тамрин мекардем то ҳол дар Харков ҳастанд. Мегӯянд, ки мо аз замини худ аз хонаи худ ҳимоя мекунем.

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки тоҷикон ҳам дар Харков ҳастанд. Оё дар миёнашон тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки шаҳрвандии Украинаро доранд?

Ҳабиб Давлатов: Бале ҳастанд тоҷиконе, ки шаҳрвандии Украинаро доштанд.

Радиои Озодӣ: Ба онҳо иҷоза доданд, ки аз Украина берун шаванд?

Ҳабиб Давлатов: Як-ду ҳафтаи аввали ҷанг ба ҳама иҷозат буд, ки бароянд. Баъд аз ду ҳафтаи ҷанг қонун баромад, ки мардони аз синни 18 то 60 сола, ки шаҳрванди Украина ҳастанд, наметавонад кишварро тарк кунанд. Тоҷиконе, ки шаҳрвандии Украинаро доштанд, баъзеашон дар ду ҳафтаи аввал баромаданд ва баъзеи дигар то ҳол дар Харков ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Вақте бо рафиқонатон дар Харков суҳбат мекунед дар бораи ҷанг чӣ мегӯянд?

Ҳабиб Давлатов: Мегӯянд, ки ҷангҳо аз шаҳр дуртар рафта истодаанд. Ҳоло ҷангҳо дар 10 километрии Харков будааст, чун неруҳои Русияро қафо заданд.

Истиқболи хуби паноҳандагон дар Лаҳистон

Радиои Озодӣ: Ҷойе, ки тамрин мекардед, осеб надид?

Ҳабиб Давлатов: Бо устодам ва рафиқонам дар тамос ҳастам, мегӯянд, ки аз толори машқ чизе намондааст, ҳамаро хароб карданд.

Радиои Озодӣ: Дар бораи фироратон ҳоло мехоҳам пурсам. Вақте ба истгоҳи роҳи оҳан расидед чӣ ҳолатро дидед?

Ҳабиб Давлатов: Дар вақти фирор аз Харков то Лвов дар миёни роҳ қатора меистод, чароғҳоро хомӯш мекарданд ва 1-2 соат мунтазир мешуданд. Барои онки мумкин буд ба мо ҳамла кунанд. Ҳамаи поездҳо ройгон буданд ва одамонро аз Харков то Лвов бепул мебаранд. Баъд аз Лвов то марзи Лаҳистон автобусҳо ҳам гурезаҳоро бепул мебаранд. Вале дар марзи Лаҳистон аз ҳисоби зиёд будани одамон 8 соат дар навбат истодем. ​

Радиои Озодӣ: Хабарҳое буд, ки дар гузаргоҳҳои марзии кишварҳои Аврупо шаҳрвандони Украинаро хуб қабул мекунанд, вале бо дигарон муносибати хуб надоранд. Оё шумо ҳамин гуна ҳолатро мушоҳида кардед?

Ҳабиб Давлатов: Ман инхел муносибатро дар гузаргоҳи Лаҳистон надидам. Маро озод иҷозат додам гузаранд. Фақат пурсиданд, ки дар Украина чӣ кор мекардӣ. Муҳр гузошта гуфтанд, ки хуш омадед. Баъди гузаштан аз марзи Лаҳистон дидам, ки лагерҳо ташкил кардаанд ва ба гурезагон аз Украина хӯрок ва либоси ройгон медиҳанд. Автбусҳои ройгон буданд, ки то Варшава мебаранд. Маро то истигоҳи роҳи оҳани Варшава бурданд, онҷо ҳам гурезагон аз Укринаро хуб нигоҳубин мекунанд. Аз Варшава бо қатораи ройгон ба Олмон омадем. Дар шаҳри Франкфурти Олмон қатораро манъ карда, кормандони пулис ҳар нафареро, ки шиносномаи Украина надошт, бароварданд. Пурсидам, чӣ кор мекунед, гуфтанд, ки сабт карда шуморо ҷавоб медиҳем. Пулиси Олмон ба мо гуфт, ки агар касе аз шумо инҷо шинос дорад, ҷавоб медиҳем худаш равад, ҳар касе ки ҷой надорад ба лагери гурезагон мефиристем. Бародарони ман дар Ҳамбург буданд, бо онҳо тамос гирифтам ва ба наздашон омадам.

“Агар ҳозир ҷанг тамом шавад, бармегардам”

Радиои Озодӣ: Вақте ба пас нигоҳ мекунед кадом хотираҳо аз Украина ба ёдатон мерасад?

Ҳабиб Давлатов: Хотираҳои бисёр хуб, хотираҳои озодӣ. Он ҳуқуқу озодие, ки мардум дар Украина доранд дар Русия инхел озодӣ нест. Ман ба бисёр шаҳрҳои Украина барои ширкат дар мусобиқаҳо сафар кардаам. Бе ҳуҷҷат мерафтам, ҳатто шиносномаамро намегирифтам. Ҳаминхел озодӣ буд, ки касе намепурсид, ки аз куҷо омадӣ ба куҷо меравӣ. Билети қатора ё автобусро мегирӣ тамом савор шуда меравӣ. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо менависанд, ки мардуми Украина миллатчӣ ҳастанд. Қасам ба Худо чунин нест, украиниҳо бисёр мардуми хубанд, мисли худамон меҳмоннавозанд. Дар метроҳо ягон пулисро намебинӣ, дар роҳҳо ҳам. Озод мегардӣ.

Радиои Озодӣ: Нияти бозгашт ба Украинаро доред?

Ҳабиб Давлатов: Бале. Агар ҳозир гӯянд, ки ҷанг тамом шуд ман ба Украина бармегардам.

XS
SM
MD
LG