Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сутуни парчам дар Муъминобод "вайрон шуд". Президент "ок" дод, кумисюн қабул накард? ВИДЕО


Майдони парчам дар ноҳияи Муъминобод

Ҳамагӣ панҷ моҳ пеш дар ноҳияи Муъминобод пояи парчами миллиро сохтанд ва бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. Ҳоло бахшҳое аз ин макон вайрон шуда, заминаш «нишастааст».

Сокинон мегӯянд, ба назар мерасад, мусобиқаи парчамсозӣ мақомотро ба шитобкорӣ водор мекунад ва дар натиҷа сутуни парчам ва боғи атрофи он умри дарозе намебинанд. Мақомот мегӯянд, пояи парчам дар Муъминобод дурусту мустаҳкам аст, аммо атрофи он андаке осеб дидаасту ислоҳаш осон аст.

"Як сол дар зери барфу борон меистад"

Раиси ноҳия гуфт, кумисюни ҳукуматӣ ҳоло майдони парчамро расман қабул накардааст, дар ҳоле ки раисҷумҳур расман онро ифтитоҳ кард.

Лутфия Шарифзода
Лутфия Шарифзода

Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод, дар охири моҳи феврали имсол гуфт, “ҳар сохтмоне, ки ба анҷом мерасад, як сол меистад. Мебинанд. Бояд дар зери барфу борон истад. Мо ин масъаларо баррасӣ кардем.”

Аслан дар ин майдон мебоист бинои истиқоматии баландошёна месохтанд. Маълум нест, чаро шитобкорона ин нақшаро баҳам заданд. Хандақи таҳкурсиро аз хок пур карданд ва майдони парчамро сохтанд.

Ҳоло сокинон мегӯянд, ҳамин саросемагӣ сабаби зуд вайрон шудани иншооти навсохт мегардад. Ба гуфтаи онҳо, дида мешавад, ки пояи 45-метрии парчам низ каҷ шудааст. Дар ҳукумати ноҳияи Муъминобод гуфтанд, поя мустаҳкам ва қаҷшавии он ғайриимкон аст.

Лутфия Шарифзода, раиси ноҳия, гуфт, “ҳеч мумкин нест, ки поя каҷ шавад. Онро бар асоси талаботи меъморӣ сохтаанд. Мо аз аввал назорат доштем. Мумкин нест, ки саҳлангорӣ карда бошанд. Поя каҷ намешавад.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Пояи парчам баъди рафтани президент "вайрон" шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

"Ҳасанбегӣ" сохт, вале бо пули буҷа

Майдони парчамро дар Муъминобод ширкати «Ҳасанбегӣ» бо сармояи ҳукумати вилояти Хатлон сохт. Ширкатро соли 2009 таъсис додаанд. Дар ҳукумат дақиқ нагуфтанд, ки барои сохтмони милаи парчам дар Муъминобод чӣ қадар харҷ карданд.

Сохтани пояҳои парчам баъд аз он сар шуд, ки дар Душанбе пояи 165-метрӣ бунёд гашта, муддате баландтарин парчами ҷаҳон ном гирифт. Баъдан парчамсозӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба мусоқиба табдил ёфт.

Пояи парчам дар ноҳияи Муъминобод
Пояи парчам дар ноҳияи Муъминобод

Ҳоло дар ҳар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон майдони парчамро дидан мумкин аст. Дар ифтитоҳи ҳар кадоми он раҳбари кишвар ширкат мекунад.

Сохтани ҳайкали бузурги Исмоили Сомонӣ ва пояи нишони миллӣ низ дар минтақаҳо ба мусобиқа табдил ёфтааст. Сабқате, ки мақомот ченаки ватандӯстӣ мепиндоранд, вале мардум танқид мекунанду ба ҷойи он кору маоши муносиб ва таҳсили хубу зиндагии шоиста мехоҳанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG