Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳавопаймои Чин бо 133 нафар афтодааст


Расонаҳои давлатии Чин гузориш доданд, ки як ҳавопаймои ин кишвар бо 133 нафар рӯзи 21-уми март ҳангоми парвоз аз шаҳри Кунмин ба Гуанҷоу дар минтақаи кӯҳӣ афтодааст.

Ҳавопаймои Boeing 737 ба ширкати China Eastern Airlines тааллуқ дошт. China Eastern яке аз се ширкати бузурги ҳавопаймоии Чин аст.

ССTV хабар дод, ки шумораи ҳалокшудагон ҳанӯз маълум нест.

Боинг 737 яке аз ҳавопаймоҳои маъмултарин барои парвозҳои кӯтоҳ ва миёна дар ҷаҳон мебошад.

XS
SM
MD
LG